Тоҷикистон ду қирғизи гумшударо ҳамроҳ бо шаш тани дигари қаблан боздошткардааш баргардонд

© VYACHESLAV OSELEDKOТаджикские пограничники патрулируют границу
Таджикские пограничники патрулируют границу - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Ҳанӯз маълум нест, ки кӣ ва чаро ҷавононро ба қаламрави Тоҷикистон овардаанд. Мақомоти салоҳиятдор тафтишот мебаранд.
Душанбе, 24 апр - Sputnik. Ду ҷавони қирғизистоние, ки дар наздикии марз бо Тоҷикистон нопадид шуданд, ба ватан баргаштанд ва ба оилаҳои онҳо супорида шуданд, хабар медиҳад Sputnik Қирғизистон дар такя ба хадамоти матбуоти ҳукумати вилояти Бодканд.
Субҳи имрӯз расонаҳои қирғизӣ навиштанд, ду ҷавон, ки ҳар ду 19 сол доштаанд, шаби 24 апрел аз мавзеи Эски-Оочуи деҳоти Бешкенти ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд нопадид шуданд.
Қаблан дар интернет наворе паҳн шуда буд, ки дар он як модар аз ғайб задани писараш ва шиносаш хабар медиҳад. Ҷавонон дар наздикии марз як коргоҳ месохтанд ва шабона аз хаймаи назди сохтмон нопадид шуданд.
Пограничник на смотровой вышке на границе Кыргызстана. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Мактуби Қирғизистон ба Тоҷикистон дар робита ба бедаракшавии ду ҷавон дар марз
Тибқи иттилои ҷониби Қирғизистон, пас аз музокироти дуҷонибаи марзбонон, ҷониби Тоҷикистон ҷавононро тавассути гузаргоҳи Овчӣ-Қалъач баргардондааст.
Онҳо чи гуна дар қаламрави Тоҷикистон қарор гирифтаанд, то ҳол маълум нест. Мақомоти салоҳиятдор тафтишот мебаранд.
Қайд карда мешавад, ки дар якҷоягӣ бо ин нафарон, 6 шаҳрванди Қирғизистон, ки сарҳадбонони тоҷик қаблан онҳоро барои убури ғайриқонунии марз боздошт карда буданд, баргардонида шуданд.
Абдулло Рахнамо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 09.04.2021
Посухи Абдуллоҳи Раҳнамо ба Тошиев: Ворух ба дашту биёбон мубодила намешавад
Тоҷикистону Қирғизистон ҳудуди 972 километр марзи муштарак доранд, ки аз он танҳо 520 километр дар сатҳи ҳукумат ва 77 километр дар сатҳи гурӯҳҳои корӣ мувофиқа карда шудааст. Зиёда аз 370 километр марз номуайян боқӣ мондааст. Ин номуайянӣ боис шудааст, ки миёни сокинони наздимарзӣ танишҳо рух медиҳанд, ки баъзан бо занозанию тирпаронӣ ва марги одамон аз ҳарду ҷониб мепечад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала