Панҷ вазири мудофиаи узви СААД ба Душанбе меоянд

© Sputnik / Амир ИсаевДворец нации в Душанбе
Дворец нации в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Обуна шудан
Масъалаҳои амнияти ҳарбӣ, муқовимат бо чолишҳою таҳдидҳо ва чораҳои безараргардонии онҳо дар ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва котибони шӯроҳои амнияти СПАД баррасӣ мешаванд.
ДУШАНБЕ, 24 апр — Sputnik. Тибқи иттилои хадамоти матбуоти СААД, ҷаласаи Шӯрои вазирони мудофиа 27 апрели соли 2021 таҳти раёсати вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал полковник Шералӣ Мирзо дар Душанбе баргузор мешавад.
Дар назар аст барои ширкат дар ин чорабинӣ вазирони дифои Русия, Беларус, Арманистон, Қазоқистон ва Қирғизистон вориди Душанбе шаванд
Министр обороны Республики Таджикистан Шерали Мирзо, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
Аз машқҳои муштарак то ҳамкориҳои низомӣ: мулоқоти дабири кулли СПАД бо Шералӣ Мирзо
Дар ҷаласаи СААД, ки 29 апрели соли равон баргузор мешавад, мувофиқан, Котиби Шӯрои Амнияти Тоҷикистон Насрулло Маҳмудзода раисӣ мекунад.
Ҳамзамон дабири кулли СААД Станислав ЗАС дар чорабиниҳо ширкат варзида, дар бораи вазъи минтақаи масъулияти Созмон ва масъалаҳои рӯзнома маълумот медиҳад.
Дар ҷараёни мулоқотҳо нақшаҳои муҷаҳҳазгардонии нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъ, омӯзиши якҷояи ташаккули нерӯҳо ва воситаҳои системаи амнияти дастаҷамъӣ ва нақшаи машваратҳо оид ба сиёсати хориҷӣ, мудофиа ва амният барои нимаи дуюми соли 2021 ва нимаи аввали соли 2022 баррасӣ карда мешаванд.
Военнослужащие во время командно-штабных учений ОДКБ Нерушимое братство 2020 на полигоне Лосвидо под Витебском - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Мулоқоти генералҳои тоҷику рус, аз фаъолияти пойгоҳи низомии Русия то тамринҳои густурда
Инчунин дар рӯзномаи ҷаласаҳо баррасии нақшаи чорабиниҳо бахшида ба 30-солагии имзои Созишномаи Амнияти Дастаҷамъӣ ва 20-умин солгарди таъсиси СПАД мавҷуд аст.
Пеш аз оғози ҷаласаҳои Шӯрои вазирони мудофиа ва СААД, вазирони дифоъ ва котибони Шӯроҳои Амниятро Раиси Шӯрои Амнияти Дастаҷамъии СААД, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон қабул хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0