Даргузашти собиқ раиси вилояти Суғд дар зиндон: 25 апрел дар таърих

День 25 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Рӯзи бисту панҷуми апрел Рӯзи ҷаҳонии пингвингҳо ва Рӯзи умумиҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа мебошад

Рӯзи 25 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1719 дар Лондон аввалин романи Даниэл Дефо дар бораи Робинзон Крузо интишор шуд.
Соли 1901 дар Ню-Йорк аввалин маротиба дар ҷаҳон рақамҳои мошин мавриди истифода қарор дода шуданд.
Соли 1954 маркази тадқиқотии америкоии "Белл телефон" оид ба сохтани батареяҳои офтобӣ хабар дод.

Рӯзи 25 апрел дар ҷаҳон чӣ рух дод

Соли 1933 - таъсиси ноҳияи Ванҷ.
Соли 1945 – дар Душанбе корхонаи "Трактородеталь" ба кор оғоз кард.
Соли 1962 – ифтитоҳи ҳафтаи адабиёти тоҷик дар шаҳри Киев.
День 22 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Рӯзи замин ва зодрӯзи Сурайё Қосимова: 22 апрел дар таърих
Соли 1993 – миёни Тоҷикистону Русия Шартнома дар бораи дӯстиву ҳамкорӣ ва ёрии байниҳамдигарӣ ба имзо расид.
Соли 1996 нахустин ҳафтаномаи хусусии "Чархи гардун" нашр гардид.
Соли 2011 Эмомалӣ Раҳмон бо узви Шўрои давлатӣ, Вазири амнияти ҷамъиятии Ҷумҳурии Мардумии Чин Мэн Ҷянҷу мулоқот намуд.
Соли 2013 Раиси Суди конститутсионии Тоҷикистон Маҳкам Маҳмудов бо унвони фахрии "Доктор права"-и Донишгоҳи давлатии Италия "Ла сапиенца" мукофотонида шуд.
Соли 2004 – Дар марзи Тоҷикистону Чин гузаргоҳи Қулма-Қарасу боз шуд. Бо ифтитоҳи он роҳи мошингарди Мурғоб-Қулма-Қарақорум расман ба фаъолият шурӯъ кард.
Соли 2014 дар шаҳри Пекин таҳти раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаҳои навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ ва Гурӯҳи кории коршиносон оид ба масъалаҳои васеъшавии созмон, инчунин машваратҳо миёни вазоратҳои корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СҲШ дар мавзӯи "Ҳамкорӣ миёни хадамоти иттилоотии вазоратҳои корҳои хориҷӣ оид ба раванди инъикоси иттилоотии фаъолияти Созмон" баргузор шуданд.
Соли 2016 дар шаҳри Душанбе нишасти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба муносибатҳои иқтисодӣ ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Беларус доир гашт.
День 21 апреля - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Рӯзи бузургдошти Саъдии Шерозӣ: 21 апрел дар таърих
Соли 2017 дзюдочии тоҷик Сомон Маҳмадбеков барандаи мусобиқаи Ҷоми кушодаи Африқо гардид.
Соли 2017 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Фармондеҳи Фармондеҳии марказии Штатҳои Муттаҳидаи Америка генерал Ҷозеф Л. Вотелро ба ҳузур пазируфт.
Соли 2018 вакилони палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистонро оид ба фаъолияти намояндагони сарҳадӣ ба тасвиб расониданд.

Ҷашнҳои рӯзи 25 апрел

Рӯзи ҷаҳонии пингвингҳо.
Рӯзи ҷаҳонии мубориза бар зидди бемории вараҷа.

Рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон кӣ ба дунё омадааст

Соли 1926 доктори илмҳои таърих, Корманди шоистаи Тоҷикистон, академики Академияи илмҳои педагогӣ ва ҷамъиятии Федератсияи Россия Абдуҳамид Ҷалилов.
Соли 1929 доктори илмҳои геолого-минералогӣ, Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи ба номи Абӯалӣ ибни Сино профессор Суннатулло Бобохоҷаев.
Соли 1937 журналист Қадам Мӯъминшоев.
Соли 1946 нависанда Сулаймон Эрматов.
Соли 1948 Ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон, овозхон Ҳабибулло Бекмуҳаммад.
Соли 1949 журналист Турсунпӯлод Аминҷонов.
Соли 1972 журналист Самариддин Асозода.

Рӯзи 25 апрел дар Тоҷикистон кӣ даргузашт

Соли 2010 дар яке аз зиндонҳои шаҳри Душанбе собиқ раиси вилояти Суғд Абдуҷалил Ҳомидов аз олам даргузашт.
Соли 2014 собиқ муовини раиси шаҳри Душанбе Абдулаҳад Оеви 51-сола бар асари садамаи нақлиёт дар километри 47-уми роҳи мошингарди Душанбе - Хуҷанд дар ноҳияи Варзоб ба ҳалокат расид.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала