Арабистон шаҳрвандони Тоҷикистонро аз қарантини ҳатмии 10 - рӯза озод кард

CC BY 3.0 / Ralf Roletschek / Аэропорт Абу-Даби, Объединенные Арабские Эмираты
Аэропорт Абу-Даби, Объединенные Арабские Эмираты - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Аммо доштани ташхиси (ПЦР) ҳамоно барои шаҳрвандони Тоҷикистон ҳатмӣ аст
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Қарори лағви қарантини ҳатмии 10-рӯза барои шаҳрвадони Тоҷикистон, ки ба пойтахти Аморати Муттаҳидаи Араб (АМА) меоянд, рӯзи якшанбе эътибор пайдо кард.
Дар ин бора вебсайти департаменти фарҳанг ва сайёҳии Абу-Даби хабар додааст.
Дар қатори Тоҷикистон инчунин чандин кишварҳои дигар, аз ҷумла Русия, Австралия, Британияи Кабир, Исроил, Чин, Португалия, Ӯзбекистон, Швейтсария ва Ҷопон низ шомил гардианд.
Манбаъ меафзояд, қарантини ҳатмии 10 рӯза барои шаҳрвандони ин кишварҳо лағв шуд, вале пешниҳод кардани ташхиси сиҳатии онҳо аз маризии коронавирус ҳамоно ҳатмист.
Ин ташхис бояд на бештар аз 96 соат қабл аз парвоз гирифта шавад ва натиҷаи онҳо албатта манфӣ бояд бошад.
Верующие в мечети аль-Харам в Мекке молятся в священную ночь силы на фоне эпидемии коронавируса  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.03.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Арабистон зоирони эмнашударо роҳ намедиҳад: тақдири ҳоҷиёни тоҷик чӣ мешавад
Илова бар ин, озмоиши такрорӣ бояд пас аз вуруд шудан ба АМА сурат гирад. Инчунин дар рӯзи 4 ва 8 - уми сафар низ бояд чунин озмоиш гузаронда шавад.
Вазъи коронавирус дар ин кишвар начандон хуб аст. Рӯзи гузашта ҳудуди 2 ҳазор мавориди нави сироятшавӣ ба коронавирус сабт гардид.
Дар АМА пӯшидани ниқоби тиббӣ ҳатмӣ аст ва дар сурати надоштани он ҷаримабандӣ дар назар. Ҷаримаи ҷоришуда барои надоштани ниқоби тиббӣ 3 ҳазор дирҳам муодили 60 ҳазор рубли русиро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала