Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин

Ифтитоҳи парвози нав аз Хуҷанд ба Русия

© Sputnik / Александр Кондратюк / Гузариш ба медиабонкМеждународный аэропорт Челябинск
Международный аэропорт Челябинск - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Обуна шудан
Дар ҷадвали фурудгоҳи Перм парвоз самти Хуҷанди Тоҷикистон низ пайдо шудааст, аммо феълан фурӯши чиптаҳо дар ин самт дастрас нест
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар фурудгоҳи Перм ҷадвали парвоз дар масири Перм- Хуҷанд пайдо шудааст.
Бар хабари сомонаи Бизнес Класс, парвозро ширкати ҳавонавардии "Северний ветер" дар ин масир рӯзҳои 25 - 26 анҷом медиҳад. Вале феълан дар вебгоҳи ширкати мазкур нархи чипта ва фурӯши он дастрас нест.
Зимнан, манбаъ менависад, ки парвози якҷониба аз Душанбе ба шаҳри Перм низ роҳандозӣ хоҳад шуд.
Интиқоли хоҳишмандони сафар аз Тоҷикистон ба шаҳри Перм аз 25 апрел то 30 май ба нақша гирифта шудааст.
Самолет Ту-154 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.04.2021
Парвозҳои миёни Русия ва Тоҷикистон: хабарҳои охирин
Ширкати ҳавопаймоии "Сибир" барои парвоз ба Кӯлоб иҷозат гирифт
Ин парвозҳо ҳафтаи якмаротиба рӯзҳои якшанбе сурат мегиранд. Гуфта мешавад, парвоз танҳо якҷониба буда, аз Перм ба Душанбе то ҳол дар назар нест.
Ёдовар мешавем, ки қаблан, фурудгоҳи мазкур аз ифтитоҳи хати парвоз самти шаҳри Кӯлоби Тоҷикистон хабар дода буд. Гуфта шуд, ин парвозро ширкати ҳавопаймоии "Уралский авиалинии" аз 21 апрел то 27 октябр анҷом медиҳад.
Парвози яктарафа аз Тоҷикистон ба Перм рӯзҳои чоршанбе сурат гирифта, вақти сафар 3 соату 55 дақиқаро ташкил медиҳад.
Лентаи хабарҳо
0