ИМА ва НАТО ба хуруҷи неруҳо аз Афғонистон шурӯъ карданд

CC BY 2.0 / Lt. Chad A. Dulac / Headed homeБатальон солдат США загружается в военный самолет
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Иёлоти Муттаҳида ва НАТО ба хуруҷи сарбозони худ аз Афғонистон оғоз карданд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Хуруҷи сарбозони НАТО ва Амрико аз хоки Афғонистонро генерал Скотт Миллер таъйид кард.
Ӯ гуфт ИМА ва кишварҳои НАТО неруҳои худро аз қаламрави ин кишвар берун меоранд, аммо дар сурати ҳуҷуми ҷангиёни Толибон (мамнӯъ дар Тоҷикистону Русия) ба артиши ИМА ё артиши эътилоф, ин иқдом шояд таӯйир ёбад.
Тибқи гузориши Hama Press, се пойгоҳ ва як фурудгоҳи низомӣ дар вилояти Қандаҳор дар тӯли ду ҳафта ба ҷониби Афғонистон супорида мешавад.
Қаблан, президенти Амрико Ҷо Байден гуфта буд, ки бар хилофи тавсияҳои фармондеҳии олии ИМА тасмим гирифтааст, нерӯҳояшро хориҷ кунад. Ба гуфтаи ӯ, низомиён Афғонистонро то 11 сентябр озод хоҳанд кард.
Афганистан - Армия США  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 12.03.2021
Амрико барои шармсор кардани худ дар Афғонистон, миллиардҳо харҷ кард
Хуруҷи нерӯҳо дар ҳамоҳангии комил бо муттаҳидон сурат мегирад. Маълум аст, ки чанд генерал аз Байден даъват кардаанд, ки ҳузури 2500 сарбозро дар Афғонистон ҳифз кунад ва тавассути музокироти дипломатӣ ба созишномаи сулҳ ноил шавад.
Ба гуфтаи раҳбари Пентагон Ллойд Остин, хуруҷи нерӯҳо Амрикоро аз субот маҳрум мекунад.
Як рӯз пеш аз ин, ду ҳавопаймои бомбаандози стратегии B-52H Stratofortress ба пойгоҳи ҳавоии Қатар омаданд. Тибқи изҳороти фармондеҳии марказии нерӯҳои ҳавоии ИМА, онҳо ҳангоми хуруҷ аз Афғонистон низомиёнро ҳамроҳӣ ва муҳофизат мекунанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала