Инфиҷор ва таркиш дар беморхонаи COVID-и Бағдод, 82 нафарро кушт - навор

© AP / Rahmat GulСкорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото
Скорая помощь на месте взрыва у американского университета в Кабуле, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Инфиҷори зарфи оксиген дар бемористоне, ки маризони коронавирус он ҷо табобат мегиранд, боиси фавти зиёди одамон гардид
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Дар Бағдод, таркиш ва сӯхтор дар беморхонаи беморони гирифтори коронавирус 82 нафарро кушт, иттилоъ медиҳад хабаргузории маҳаллии INA бо истинод ба Вазорати корҳои дохилии Ироқ.
Дар аввал, дар бораи 26 кушта, сипас дар бораи 58 қурбонии ин ҳодиса хабар дода шуд.
Вале баъдан, Вазорати корҳои дохилӣ гуфт, ки дар ин щодисаи нохуш 82 нафар кушта шуда, 110 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.
Тибқи иттилои расонаҳои маҳаллӣ, шабона дар беморхона як балони оксиген таркид ва аксари фавтидагон бар асари заҳролуд шудан аз дуди карбон ҷон бохтанд.
Дар ҷараёни тафтишот бархе аз роҳбарони беморхона боздошт шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала