"Ба муқовимат бо Русия нуқта гузоред": талаби Матвиенко аз ҳукумати Амрико

© пресс-служба Совета Федерации РФПредседатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко
Председатель Совета Федерации РФ Валентина Матвиенко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Обуна шудан
Валентина Матвиенко мегӯяд, Амрико барои иттиҳомоти бардуруғи худ бояд далел пешниҳод кунад, вагар на ба ҳамаи таҳримоти ғайриқонунии худ хотима диҳад
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Раиси Шӯрои Федератсия Валентина Матвиенко гуфт, ки Иёлоти Муттаҳида бояд бо таҳримҳои ғайриқонунӣ алайҳи Русия хотима диҳад.
"Бояд ба ҳамаи ин муқовиматҳо, ба ин таҳримҳои ғайриқонунӣ, ки бо сабабҳои комилан бардурӯғ боиси шиддат ёфтани муносибатҳо гардидааст хотима дода шавад. Бигзор, ҷанобон, далелҳоро пеш оранд", - талаб намудааст Матвиенко дар барномаи Москва.Кремл. Путин дар шабакаи "Россия 1".
Маврид ба зикр аст, ки рӯзи 15 апрел Иёлоти Муттаҳида алайҳи Русия таҳримҳои нав ҷорӣ кард, ки 32 шахс ва иттиҳодияҳоро фаро мегирад.
Гузашта аз ин, Вашингтон мегӯяд 10 корманди дипломатии Русияро аз кишвар хориҷ мекунад.
Тибқи иттилои Вазорати корҳои хориҷии Русия, таҳрими ИМА ба манфиатҳои мардуми ду кишвар ҷавобгӯ нест. Қаблан, Русия як силсила чораҳои ҷавобӣ алайҳи таҳримҳои ИМА, аз ҷумла ихроҷи дипломатҳо, манъи сафари як қатор мансабдорони ИМА роҳандозӣ кард.
Русия ҳамчунин ба сафир Ҷон Салливан пешниҳод кард, ки барои гирифтани машварат ба Вашингтон сафар кунад.
Лентаи хабарҳо
0