Мӯъҷиза: дар Русия кӯпрук сарозер шуду ронанда зинда монд

Ҳангоми фурӯ рехтан дар болои купрук ягон пиёдагард набуд, аммо ҷони ронандагон дар хатар буд
ДУШАНБЕ, 25 апрел - Sputnik. Дар километри 42-юми роҳи автомобилгарди Екатеринбург пули пиёдагардгузар фурӯ рехт. Дар ин бора вебсайти прокуратураи вилояти Свердловск хабар медиҳад.
Тибқи иттилои вазорат, дар вақти ҳодиса дар болои купрук пиёдагарде набуд.
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ қайд карданд, ки сабаби фурӯ рехтани пул метавонад убури мошин бо бори азиме бошад.
Дар видео, дид, ки чигуна як мошини боркаш воқеан якчанд сония пеш аз зери кӯпрук мегузарад.
Крупная авария с участием шести авто на Рублёво-Успенском шоссе 23.04.2021 - youtube - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Садамаи калон бо иштироки мошини сарвазири Русия дар назди Маскав - видео
"Ҳангоми гузаштан аз зери кӯпрук ду чархи мошини боркаш кафидаву бори он ба кӯпрук фишор овардааст", - тавзеҳ додаанд мақомот ин ҳодисаро.
Дар навор дида мешавад, ки як мошини сабукрав низ вақти ҳодиса аз зери кӯпрук мегазашт ва "бахташ омад кардаву" тақрибан баъди ду се сонияи гузаштани вай пул сарозер мешавад.
Феълан роҳро тоза кардаанд ва прокуратураи шаҳр парванда боз кардаву тафтишоти ҳодиса идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала