Навори пирӯзии тӯфонии "Истиқлол" дар "Ар-Риёз"

Обуна шудан
"Истиқлол" бозии навбатиашро санаи 27-уми апрел бар зидди "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай" баргузор хоҳад кард.
Тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дастаи "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, қаҳрамони пешинаи Конфедератсияи футболи Осиёро бо ҳисоби калон шикаст дод.
Рақобати дастаҳо бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт.
Ҳисоби бозиро нахуст Бафетимби Гомис аз дасти ҳариф дар дақиқаи 24-ум кушод.
Аммо тими "Истиқлол" дар бозии гузаштааш, ки аз ин ҳариф шикаст хӯрда буд, намехост дубора он ҳолат такрор шавад ва ҳаминтавр давоми 14 дақиқа дар ду давр чор гол вориди дарвозаи арабдҳо карданд.
Голҳои "Истиқлол"- ро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 39 ва 44, инчунин Манучеҳр Сафаров бошад, дар дақиқаҳои 49 ва 52 ба вориди дарвозаи ҳариф карданд.
Лентаи хабарҳо
0