Олмон сиёсикунии "Маҷрои шимолӣ -2"-ро шадидан маҳкум кард

© Nord Stream 2 / Гузаштан ба хазинаи аксТрубоукладочное судно Solitaire (в центре) готовится к началу работ по укладке газопровода "Северный Поток - 2"
Трубоукладочное судно Solitaire (в центре) готовится к началу работ по укладке газопровода Северный Поток - 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Олмон сиёсисозии лӯлаи асосии гази Русия "Маҷрои шимолӣ 2"-ро шадидан маҳкум кард: таҳвили сӯзишворӣ ҳеҷ гоҳ ба чунин сатҳи муносибати байни Шарқ ва Ғарб нарасида буд
ДУШАНБЕ, 25 апрел - Sputnik. Таъмини газ набояд силоҳи сиёсии байни Шарқ ва Ғарб бошад. Ин андешаро дар робита ба лоиҳаи русии "Маҷрои Шимолӣ - 2" вазири иқтисодиёти Олмон Питер Алтмайер дар мусоҳиба бо нашрияҳои кишвар иброз дошт.
"Мо бояд сохтмон ва анҷом додани лӯларо арзёбӣ кунем ва новобаста аз ҳолатҳои алоҳида тасмим бигирем" -гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Алтмайер, таъминоти манбаъҳои табиӣ дар 50 соли охир сиёсӣ нашудааст.
Дар ҳамин ҳол вазири иқтисоди Олмон таъкид кард, ки сохтмони "Маҷрои Шимолӣ -2" бо назардошти манфиати бештари кишварҳо таъмин мешавад.
Работы по укладке газопровода Северный поток - 2 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Ба "рафтори Маскав" назар мекунанд: оё олмониҳо сохтмони "Маҷрои Шимолӣ-2"-ро бозмедоранд
Вай афзуд, ки сохтмони терминалҳо гази моеъ истиқлолияти Олмонро аз сӯзишворие, ки тавассути лӯла ворид мешавад таъмин мекунад.
Қаблан садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар Ассамблеяи Парлумонии Шӯрои Аврупо гуфт, ки кишвар ба манфиати бунёди "Маҷрои шимолӣ -2" тасмим гирифтааст.
Ба гуфтаи вай, ин мавқеи Олмон оғози муборизаи сиёсии байни кишварҳо буд. Меркел таъкид кард, ки Олмон ният дорад тиҷоратро бо Русия дар соҳаи энергетика идома диҳад ва инчунин сифати гази Русияро қайд кард.
Сохтмони "Маҷрои Шимолӣ -2"
Русия чанд сол аст, ки лӯлаи гази"Маҷрои Шимолӣ -2"-ро месозад. Ин лӯла ду қатори лӯлаи газро дар бар мегирад, ки аз қаъри баҳри Балтика мегузаранд.
Онҳо аз минтақаҳои истисноии иқтисодӣ ва обҳои ҳудудии Русия, Дания, Финляндия, Шветсия ва Олмон мегузаранд. Дарозии "Маҷрои Шимолӣ -2" аз 2,4 ҳазор километр зиёд хоҳад шуд.
Ҳар сол тавассути лӯла 55 миллиард метри мукааб газ ба Аврупо содир мешавад. Бисёр кишварҳо, аз ҷумла Украина ва Иёлоти Муттаҳида, зидди иҷрои ин лоиҳа ҳастанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала