Прокуратура дахолат карду мушкили сокинони Восеъ ҳал шуд

© Sputnik / Амир ИсаевЗдание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото
Здание Генеральной прокуратуры РТ. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Сокинони ноҳияи Восеъ аз он изҳори нигаронӣ намуданд, ки чорвои худро ба чарогоҳ бурда наметавонанд, чун заминҳои чарогоҳро хоҷагиҳои деҳқонӣ аз худ карданд
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Маркази матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон хабар дод, ки ин ниҳод ахиран шикояти аксар сокинони деҳаи Гулрӯд (собиқ Қудуқ)-и ноҳияи Восеъро дар мавриди ғасби тамоми заминҳои чарогоҳ дар атрофи ин деҳа аз сӯи хоҷагиҳои деҳқонии “Ҳоҷӣ Довуд” ва “Сурхоб” мавриди баррасӣ қарор додааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ҷараёни баррасӣ муайян шудааст, ки бо қарори раиси ноҳияи Восеъ аз 24 декабри соли 2018, №224 барои ташкили хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” ба шаҳрванд Фарезов Ҳ. – 197,3 га замин, аз ҷумла 47,75 га замини корами лалмӣ, 138,85 га замини чарогоҳ, 10,70 га ҷариҳо барои истифодабарии мероси якумра ҷудо карда шудааст.
Девушка в наручниках, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.04.2021
Парвандаҳои пурсарусадои корупсионӣ
Роҳбари "Акбархӯҷа" боздошт шуд: ӯ дар фурӯши замин муттаҳам мешавад
Аз бозе, ки заминҳои ин хоҷагӣ дар паҳлуи деҳаи Гулрӯд ҷойгир шудаанд, роҳбари “Ҳоҷӣ Довуд” чаронидани чорвои шахсии сокинони деҳаро дар ҳудуди заминҳои хоҷагӣ манъ намудааст. Маҳз ин амал боиси норизогии сокинон ва муроҷиати онҳо ба Додситони кулли Тоҷикистон гардид.
Дар ҳамин ҳол, Додситонии кул мегӯяд, дар ҷараёни баррасӣ роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ розӣ шудаанд, ки аз ҳисоби заминҳои худ барои халқ замини чарогоҳ ҷудо кунанд.
Аз ҷумла хоҷагии деҳқонии “Хоҷӣ Довуд” розӣ шудааст, ки 40 гектар аз заминҳояшро ва хоҷагии деҳқонии “Сурхоб” 15 гектар аз заминҳои худро дар ихтиёри халқи Гулрӯд (Қудуқ) гузоранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала