Сирри дарозумрии ҷопониҳо маълум шуд

© pixabayЯпонка в кимоно с зонтом
Японка в кимоно с зонтом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Обуна шудан
Мардуми ҷопон мегӯяд, барои ҷавон мондани организми инсон ва ҳаёти тӯлонитар ба сар бурдан, танҳо чанд қоидаи оддиро бояд риоя карду халос
ДУШАНБЕ, 25 апр — Sputnik. Ба раванди умри бештар ба сар бурдан ва дер боз ҷавон мондан на танҳо генетика, балки одатҳои беназири гастрономӣ низ таъсир мерасонанд, мегӯяд як корбари портали WeСhat.
Мувофиқи маълумоти Созмони Умумиҷаҳонии Тандурустӣ (ТУТ), Ҷопон аз рӯи дарозии умр дар ҷаҳон ҷои аввалро мегирад - 84,2 сол.
Блогнавис рӯшан кард, ки сокинони ин кишвар ҷонибдорони тарзи ҳаёти фаъол нестанд. Ғизо омили асосии таъсири дарозумрии онҳо шудааст.
Продажа сухофруктов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
10 ғизое, ки пиршавии организмро суст мекунад
Дар мизи ҳар як ҷопонӣ, ба гуфтаи корбари WeСhat, хӯрокҳои гуногун дида мешавад. Барои як хӯрок, онҳо моҳӣ, гӯшт, сабзавот, мева, биринҷ ва дигар ғизоҳоро истеъмолмекунанд. Ин имкон медиҳад, ки парҳези бештар мутавозин бошад.
Аммо, баъзе ҷанбаҳои муҳимро бояд дар хотир дошт: миқдори он бояд кам ва оҳиста хӯрда шавад. Ҳамин тариқ, хӯроке, ки оҳиста хӯрда мешавад, он хубтар ҳазм ва азхуд карда мешавад.
Корбари WeСhat таъкид кард, ки тарзи омода кардани ғизо низ муҳим аст. Ҷопониҳо ғизои бирёнкардашуда ё буғдидаро бартарӣ медиҳанд. Ин усул миқдори чарбҳои истеъмолшударо кам мекунад.
Лентаи хабарҳо
0