Тарроҳ дар бораи завқи Путин дар мӯд гуфт

© Sputnik / Михаил Метцель / Гузаштан ба хазинаи аксЕжегодное послание президента РФ Федеральному Собранию
Ежегодное послание президента РФ Федеральному Собранию - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Тарроҳ гуфт, Владимир Путин дар мӯд чиро авлотар медонад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Президенти Русия Владимир Путин нисбати либоси варзишӣ, ки "Мануфактураи Шишкин" барои ӯ таҳия кардааст, ягон хоҳиши махсус надоштааст.
Сарвари давлат ба мӯд назари классикӣ дорад, гуфт муассис ва директори генералии ширкат Дмитрий Шишкин дар мусоҳиба бо РИА Новости.
Авоили моҳи июни соли 2020, Путин дар бораи вазъи саноати сабук як нишаст баргузор карда буд.
Шишкин, ки дар ин ҷаласа суханронӣ мекард, ба президент пешниҳод кард, ки барои ӯ маҷмӯаи либоси варзиширо аз коллексияи "Putin Team" дӯзад, ки сарвари давлат ба он розӣ шуд.
Ежегодная пресс-конференция президента РФ В. Путина - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.04.2021
Даромади яксолаи Путин маълум шуд
Ба гуфти тарроҳ, Путин барои костюм хоҳиши махсус надошт.
"Президент марди классикӣ аст, ҳатто мешавад гуфт, ки ба мӯд назари консервативӣ дорад. Ва мо ҳам ба назари ӯ пайравӣ мекунем. Ба фикри ман, аз ҷиҳати завқ мо ҳамдигарро фаҳмидем ва ҳеҷ чизи нофаҳмо дигар намонд", - гуфт Шишкин.
Тарроҳ гуфт, Путин либоси андозаи L мепӯшад, аммо ҳангоми эҷоди костюм хусусиятҳои фардии ҷисми президент низ ба назар гирифта шудааст.
Шишкин қайд кард, ки барои либосҳои нав рангҳои сиёҳ, хокистарӣ, сафед ва сурх интихоб шудаанд.
"Хусусияти коллексия аз он иборат буд, ки мо на танҳо ҳамаашро дар дохили кишвар дӯхтем, балки дар он маводи истихроҷи ватаниро ба ҳадди аксар, 99% истифода бурдем", - гуфт Шишкин.
Президент РФ Владимир Путин - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.02.2019
Шӯхии Путин дар бораи мурғ, пул ва ҷойи кораш - Навор
Тарроҳ гуфт, матоъҳое, ки аз онҳо барои Путин костюм духта шудааст, бештар табиӣ бмебошанд.
Дар таркиби либос пахта бартарӣ дорад, аммо бидуни илова кардани синтетика нагузашт.
Чунин мавод, ба гуфти Шишкин, барои устуворӣ зарур аст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала