Супориши Аҳмадзода ба муовинаш барои иҷрои саривақтии нақшаи кишти зироатҳо

© Мақомоти вилояти СуғдРаҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд
Раҷаббой Аҳмадзода раиси вилояти Суғд - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Обуна шудан
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба масъулин барои иҷрои саривақтии нақшаи кишти зироатҳо, истифодаи самараноки замин ва гирифтани ду-се ҳосил супоришҳо дод
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, машварати кории раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Бино ба гузориши хадамоти матбуотии раиси вилояти Суғд, дар машварат муовинони раиси вилоят, роҳбари дастгоҳи раиси вилоят, роҳбарони воҳидҳои сохторӣ, раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, ки дар ин машварат, вазъи корҳои саҳроӣ мавриди таҳлил қарор дода шудааст.
На птицефабрике в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.03.2021
Нарх дар бозорҳои Тоҷикистон
Парадокси иқтисодӣ: чаро дар Тоҷикистон истеҳсоли гӯшти мурғ зиёду арзиши он гарон аст?
Пас аз шунидани гузориши муовини раиси вилоят, Назирӣ Зариф раиси вилоят барои иҷрои саривақтии нақшаи кишти зироатҳо, истифодаи самараноки замин, таъмини хоҷагиҳои кишоварзӣ бо оби полезӣ, гирифтани ду-се ҳосил, таъмини рушди кирмакпарварӣ, мубориза бар зидди ҳашароти зараровар ва дигар корҳои саҳроӣ супоришҳо додааст.
Манбаъ афзуда, ки соли равон дар вилоят дар 60 ҳазор гектар пахта кишт шуда, дар навоҳии пахтакор кишти пахта ҷараён дорад.
Ҳамзамон дар хоҷагиҳои деҳоти ноҳияҳо кишти картошка ҷараён дошта, тибқи нақша масоҳати майдони картошка 30 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Ёдрас мешавем, ки пештар раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гуфт, дар вилоят барои таъмини аҳолӣ бо маводи ғизоӣ захираву имкониятҳо басанда аст.
Зимнан, пештар президенти Тоҷикистон зимни боздид аз шаҳри Бохтар ба меҳмонии як хонавода рафт ва аз заминкории ин хонавода тавсиф карду гуфт, агар ҳар як деҳқон дар як сол чанд маротиба ҳосил ғундорад, маҳсулот зиёд мешавад ва нархҳо низ дар бозор паст мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0