Баҳори гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносон дар бораи боду ҳавои Тоҷикистон

© Sputnik / Амир ИсаевАллея в парке Рудаки
Аллея в парке Рудаки - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво камабр ва тағйирёбандаи бебориш мешавад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Бино ба иттилои Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабр ва тағйирёбандаи бебориш дар назар аст.
Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 3+8 ва рӯзона 12+17 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 3-8 дараҷа хунук ва рӯзона 4+9 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 4-9 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад.
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Гармии рекордӣ дар Маскав: то 21,5 дараҷа расид
Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 2+7 дараҷа гарм ва рӯзона 14+19 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Хатлон ҳаво камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст.
Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 30+35 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 6+11 дараҷа гарм ва рӯзона 21+26 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳавои камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 26+31 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 ва рӯзона 16+21 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбандаи бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 9+11 ва рӯзона 26+28 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала