Се бозигари "Истиқлол" ба ҳайати рамзии Лигаи қаҳрамонҳо шомил шуданд

© ФК ИстиклолАзиатская футбольная Конфедерация опубликовала символическую сборную четвертого тура Лиги чемпионов АФК
Азиатская футбольная Конфедерация опубликовала символическую сборную четвертого тура Лиги чемпионов АФК - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Конфедератсияи футболи Осиё дастаи рамзии даври чоруми Лигаи чемпионҳои АФК-ро нашр кард
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik.Тавре аз хадамоти матбуоти ФК "Истиқлол" хабар доданд, АФК футболбозонро, ки пас аз натиҷагирии даври чоруми Лигаи чемпионҳо ба ҳайати рамзӣ ворид шуданд, номбар кард.
Бештари бозигарон ба тими рамзӣ аз дастаи "Истиқлол" ва "Ан-Наср", ки бо ҳисобҳои бузург тими "Ал-Ҳилол"- ро шикаст доданд, ворид шудаанд.
Дастаи рамзии даври 4-уми Лигаи чемпионҳои AFC-2021 чунин аст:
Валид Алӣ ("Ал-Наср") - Ҳоҷиакбар Алиҷонов ("Пахтакор"), Алексей Ларин ("Истиқлол"), Анзур Исмоилов ("Пахтакор"), Султон Ал-Ғаннам ("Ан-Наср") - Абдураззоқ Ҳамдаллах (" Ал-Наср "), Камол Камябиния (" Персеполис "), Ҷалолиддин Машарипов (" Шабаб Ал-Аҳлӣ "), Манучеҳр Сафаров (" Истиклол ") - Майкл Олунга (" Духайл "), Манучеҳр Ҷалилов ("Истиқлол ").
Пирӯзии Истиқлол дар Арабистони Саудӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
Навори пирӯзии тӯфонии "Истиқлол" дар "Ар-Риёз"
Ёдовар мешавем, шаби 25 апрел, тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дастаи "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, қаҳрамони пешинаи Конфедератсияи футболи Осиёро бо ҳисоби 4 бар 1 шикаст дода бо 7 имтиёз садрнишини гуруҳаш шуд.
Ин пирӯзии тими Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар, махсусан дар Эрону Афғонистон истиқболи гарм дошт.
Тими "Истиқлол" дар доираи ин мусобиқот қаблан бо дастаҳои "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай"-и АМА (0:0), бошгоҳи АГМК-и Ӯзбекистон (3:2) ва “Ал-Ҳилол” (1:3) рақобат кард.
"Истиқлол" бозии навбатиашро санаи 27-уми апрел бар зидди “Шабоб-Ал-Аҳлӣ Дубай” ва 30 апрел бо АГМК (Ӯзбекистон) баргузор хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала