Бозори асъор: эълони қурби рубл, доллар ва евро нисбат ба сомонӣ дар Тоҷикистон

© Sputnik Сомони и рубли, архивное фото
Сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Ҳафтаи навро асъори русиву аврупоӣ нисбат ба сомонӣ бо болоравӣ оғоз карда, доллари амрикоӣ мисли нишондоди охири ҳафтаи гузашта дар ҳоли сукут қарор дорад
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1507 сомонӣ нишон дода шудааст. Ин асъор тайи чанд ҳафтаи охир дар ҳоли шинокунанда қарор дорад.
Қурби як доллари амрикоӣ бошад, мисли ҳафтаҳои гузашта 11,3200 сомонӣ эълон шудааст.
Тибқи маълумоти таблоҳои расмии БМТ, асъори аврупоӣ нисбат ба сомонӣ боло рафтааст. Дар Тоҷикистон имрӯз барои як евро 13,66890 сомонӣ муқаррар шудааст. Ин дар ҳолест, ки нишондоди маскур аввали ҳафтаи гузашта ба 13,5682 сомонӣ баробар буд.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Дар бонкҳои дигари кишвар, аз ҷумла "Бонки Эсхата" харидуфурӯши 1 рубл имрӯз 0,1500 - 0,1530 сомонӣ муқаррар шудааст.
Дар "Спитаменбонк" бошад, арзиши 1 рубл аз 0.1450 то 0.1535 ва дар "Алифбонк", 1 рубл аз 0,1510 то 0,1540 сомонӣ нишон дода шудааст.
Қурби ҳаррӯзаи БМТ бо мақсади баҳисобгирӣ ва пардохти боҷҳои гумрукӣ дар кишвар муқаррар карда мешавад.
Коршиносон гуфтанд арзиши доллар дар охири сол чӣ гуна хоҳад буд
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала