"Исёни арӯсон" ва "Хобҳои беранг": дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешавад

CC0 / Pxhere / Зрители в кинотеатре
Зрители в кинотеатре - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Дар чорчӯби ин ҳамоиш 3 филми ҳунарӣ, 3 мустанад ва як филми тасвирӣ ба намоиш гузошта мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Дар Душанбе Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон баргузор мешавад.
Рӯзҳои кинои Ӯзбекистон аз 28 апрел то 1 майи соли 2021 барпо мешавад, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Муассисаи давлатии "Тоҷикфилм".
Гуфта мешавад, ки дар доираи ин ҳамоиш 3 филми ҳунарии "Илҳоқ", "Исёни арӯсон" ва "Хобҳои беранг", 3 филми мустанади "Посдори иттиҳод", "Қалби мардум", "Зери самои ягона" ва як филми тасвирии "Сандуқи сеҳрнок", манзури алоқамандони кино гардонида мешаванд.
Статуэтка Оскара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
"Оскар - 2021": киҳо соҳиби ҷоизаи муътабар шуданд
Намоиши филмҳо дар кинотеатри ба номи Тоҳир Собиров ва "Зебуннисо" ба нақша гирифта шудааст.
Манбаъ афзуда, ки даромад озод аст.
Гуфта мешавад, ки баргузории чорабинии мазкур ба тавсеаи ҳамкории судманд миёни филмсозони тоҷику ӯзбек мусоидат намуда, дӯстию ҳусни ҳамҷавории халқу миллатҳои бародари Тоҷикистон ва Ӯзбекистонро устувортар менамояд.
Бред Питт, Зендая ва Холли Бери: ҷоизасупории "Оскар - 2021" чӣ гуна гузашт?
Ёдрас мешавем, ки дишаб дар ҷаҳони синамо рухдоди муҳим, маросими ҷоизасупории "Оскар" баргузор шуд, ки дар он беҳтарин ҳунармандон, коргардонҳо, ороишгарони рӯю мӯй ва сенариянависон муайян шуданд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала