ИМА дар рӯйхат: Русия феҳрасти кишварҳои бадхоҳашро таҳия дорад

© Sputnik / Максим Блинов / Гузаштан ба хазинаи аксЗдание Министерства иностранных дел РФ
Здание Министерства иностранных дел РФ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Вазорати корҳои хориҷии Русия фаҳмонд, ки кадом меъёр дар тартиб додани рӯйхати "давлатҳои ғайридӯст" меъёри асосӣ хоҳад буд
ДУШАНБЕ, 26 апр - Sputnik. Русия ба амалҳои бадхоҳонаи кишварҳои дигар посух омода мекунад, гуфт намояндаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Русия Мария Захарова дар эфири шабакаи телевизионии “Россия-1”.
Аз ҷумла, намояндаи Вазорати корҳои хориҷӣ хотиррасон кард, ки раисиҷумҳури Русия Владимир Путин фармонро дар бораи истифодаи чораҳои таъсиррасонӣ ба амалҳои ғайридӯстонаи давлатҳои хориҷӣ имзо кард.
Тибқи ин фармон, он давлатҳое, ки ғайридӯстона эълон шудаанд, наметавонанд кормандонро аз байни шаҳрвандони Федератсияи Русия барои намояндагиҳои дипломатӣ ва консулии худ ҷалб кунанд, - шарҳ дод Захарова.
Тони Блинкен. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
Мулоқоти котиби давлатии ИМА бо Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳамтоёни дигар аз Осиёи Миёна
Дипломат илова кард, ки рӯйхати пурраи кишварҳое, ки Русия онҳоро "ғайридӯстона" мешиносад, пас аз содир шудани фармони дахлдори Кабинаи вазирони кишвар эълон мешавад.
"Тавре ки шумо мефаҳмед ва ман инро тасдиқ карда метавонам, албатта Иёлоти Муттаҳида дар рӯйхат аст", - гуфт Захарова.
Сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ илова кард, ки ин амалҳо танҳо посух ба сиёсати хориҷии зӯргӯёнаи кишварҳои дигар мебошанд.
Ин иқдоми Русия дар ҳолест, ки қаблан Дмитрий Медведев, муовини раиси Шӯрои амнияти Русия, изҳор дошта буд, ки муносибот бо ИМА ба замони ҷанги сард баргаштаанд.
Батальон солдат США загружается в военный самолет - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 25.04.2021
ИМА ва НАТО ба хуруҷи неруҳо аз Афғонистон шурӯъ карданд
Ба гуфтаи Медведев, таҳримҳо, фишорҳо, таҳдидҳо, муқовимати муноқишаҳо, ҳимояи манфиатҳои ғаразнок ба "бесуботии доимӣ" дар тамоми ҷаҳон оварда мерасонад.
"Дар солҳои охир муносибатҳои Русия ва ИМА воқеан аз рақобат ба муқовимат гузаштанд; дар асл, онҳо ба давраи ҷанги сард баргаштанд", - гуфт ӯ.
Вай таъкид намуд, ки танҳо муоширати мустақим, қобилияти ошкоро сухан гуфтан, инчунин шунидани мантиқ ва далелҳои ҷониби дигар, ба "хомӯш кардани мушкилот" мусоидат хоҳанд кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала