"Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун": паёми Раҳмон ба Видодо

© Sputnik / Амир ИсаевПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, ба ҳамтои индонезияш, Ҷоко Видодо дар робита ба суқути киштии зериобӣ, ки беш аз 50 кушта барҷой гузошт, изҳори ҳамдардӣ кард
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон, изҳор доштааст, ки хабари ғарқшавии киштии зериобии Қувваҳои низомии баҳрии Индонезия, ки талафоти зиёди ҷонӣ дошт, ӯро сахт андуҳгин кардааст.
Эмомалӣ Раҳмон дар паём ба ҳамтои индонезияш, Ҷоко Видодо ҳамдардии амиқи худ ва тамоми мардуми Тоҷикистонро ба наздикону пайвандони қурбоншудагон баён дошта, аз даргоҳи Худованди мутаъол сабри ҷамил хостааст.
"Инно лиллоҳи ва инно илайҳи роҷеъун", - изҳор доштааст раисиҷумҳури Тоҷикистон дар охири паёми ҳамдардияш ба Ҷоко Видодо.
Ин паём дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта, рӯзи чаҳоршанбе дар баҳри Балӣ, дар қисмати шимолии ҷазира як киштии зериобии нерӯҳои Индонезия - KRI Nanggala 402 бедарак шуда буд.
Взрыв и пожар на заводе в Индонезии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 29.03.2021
Сӯхтори мудҳиш дар полоишгоҳи нафт дар Индонезия: 28 кас маҷрӯҳ шуд – видео
Ахиран хабар расид, ки наҷотдиҳандагон бархе аз пораҳои киштии ғарқшударо пайдо намудаанд. Расонаҳои хабарии ҷаҳонӣ бо такя ба низомиёни Индонезия изҳор доштанд, ки ҳамаи 53 нафари ҳайати ин киштӣ ҳалок шудаанд.
Дар робита ба ин нохушии маргбор, Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия низ ба роҳбари Индонезия ва тамоми мардуми ин кишвар изҳори ҳамдардӣ кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала