Олимон: камхобӣ занонро дар бистар ба мушкилот рӯбарӯ мекунад

© xiangying_xu/pixabayДевушка в белом спит
Девушка в белом спит - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Обуна шудан
Муҳаққиқони амрикоӣ беш аз 3400 занро пурсида, робитаи сифати хоб ва ҳаёти ҷинсиро муайян карданд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Камхобӣ хатари гирифторӣ ба норасоии ҷинсиро дар занон меафзояд, менависад "Популярная механика" бо истинод ба олимони ИМА.
Муҳаққиқон зиёда аз 3400 занро пурсиданд, ки синни миёнаи онҳо 53 сол буд.
Олимон муайян карданд, ки кадом нӯшокӣ ба безуррётӣ оварда мерасонад
Онҳо сифат ва давомнокии хоби ҳар як мусоҳибро арзёбӣ карда ва аз онҳо дар бораи хоҳиши алоқаи ҷинсӣ, бедоршавӣ, лаззат ва дард ҳангоми алоқа пурсон шуданд.
Женщина и мужчина спят в аэропорту - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Мясников 6 одатро ном бурд, ки боиси бехобӣ мешаванд
Натиҷаҳо нишон доданд, заноне, ки кам ва бад мехобиданд, дар бистар бештар ба мушкилот рӯ ба рӯ мешуданд.
Олимон: даст кашидан аз як одати бад, умрро 28 сол дароз мекунад
Онҳое, ки ҳар шаб камтар аз панҷ соат хоб мерафтанд, 63,3 фоизашон дар муқоиса бо заноне, ки ҳафт ва зиёда соат дар як шаб хоб мекунанд, дараҷаи муайяни норасоии ҷинсӣ доштанд.
Лентаи хабарҳо
0