Кумитаи андоз: “Андоз аз Google” ба хотири дастгирии ширкатҳои ватанист

Корпорация Google, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Кумитаи андози Тоҷикистон таъкид доштааст, ки андозбандии ширкатҳои “Google”, “Facebook”, “Apple” ва “Microsoft” имконият медиҳад, то ба буҷети давлатӣ як манбаи дигари даромад пайдо шавад
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Каъбатулло Меликзода, муовини раиси Кумитаи андоз дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” қайд кардааст, ки имрӯз интернет на танҳо барои ба даст овардани иттилоот истифода мешавад, балки бо истифода аз он хизматрасонии зиёди пулакӣ амалӣ мегардад.
“Аз ҷумла, фурӯши бозиҳои электронӣ, филмҳо, китобҳо, барномаҳои мусиқӣ, чиптаҳои ҳавопаймоӣ, иҷораи меҳмонхонаҳо, манзил, барномаҳои сафар ва дигар хизматрасониҳо, ки ҳамаи инро мо ҳамарӯза истифода мебарем”, - гуфт ӯ.
Вай афзуд, ки чунин хизматрасониҳоро, асосан, ширкатҳои хориҷӣ анҷом медиҳанд, ки бо сабаби номукаммал будани қонунгузорӣ худро дар мақомоти андоз ба қайд намегиранду аз андозсупорӣ берун мемонанд.
Презентация нового сервиса Google Android Pay в России - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 13.01.2021
"Андоз аз Google" ба Тоҷикистон чӣ меорад
Ин иқдом дар доираи фаъолияти Созмони байналмилалии маъмуриятҳои андози давлатҳои Аврупо (IOTA) ва Созмони ҳамкориҳои иқтисодӣ ва рушд (ОЭСР) мавриди баррасӣ қарор дорад. Дар қонунгузории андози давлатҳои аъзои ин созмонҳо низ меъёрҳои дахлдори танзимнамоии чунин муносибатҳо дар назар гирифта шудааст.
Каъбатулло Меликзода, таъкид доштааст, ки ин таҷрибаи нав нест, дар кишварҳои ИДМ, аз ҷумла дар Русия (соли 2017), Белорус (2018), Ӯзбекистон ва Молдова (2020) ва давлатҳои Иттиҳоди Аврупо ҷорӣ гардида, айни замон ҷумҳуриҳои Қирғизистону Қазоқистон низ барои ҷалби ин гуна андозбандӣ чораҷӯӣ доранд.
“Дар маҷмӯъ, дар қонунгузории зиёда аз 100 кишвар чунин механизми андозбандӣ амал мекунад”, - зикр кард муовини раиси Кумитаи андоз.
Дар ҳамин ҳол, Каъбатулло Меликзода қайд кардааст, ки “Андоз аз Google” ба хотири дастгирии ширкатҳои ватанист.
Поисковая система Google на экране сотового телефона - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.01.2021
Пулро Сукерберг медиҳад ё корбари тоҷик: азми Душанбе барои андозгирӣ аз Facebook-у Google
“Хизматрасониҳои электронӣ (аз ҷумла, бозиҳо, наворҳо, китобҳо) бештар ба ашхсони хориҷӣ тааллуқ дошта, аз ин ҳисоб даромад ба даст меоранд. Онҳо, қаблан бинобар номукаммалии санадҳои меъёрии ҳуқуқии андоз дар кишвари мо, аз андозбандӣ дур монда буданд. Бинобар ин, аз хизматрасониҳои электронии худ ба шахсони воқеии Тоҷикистон даромад ба даст оварда, маблағи ААИ - ро ба буҷети давлатҳои қайди худ пардохт менамуданд. Чунин ҳолат фаъолияти ширкатҳои ватаниро маҳдуд намуда, байни ширкатҳои Тоҷикистон ва шахсони хориҷӣ фазои носолими рақобатро ба вуҷуд меовард”, – гуфт муовини раиси Кумитаи андоз.
Вай инчунин афзуд, ки Кумитаи андоз дар ҳамкорӣ бо Созмони ҳамкории иқтисодӣ ва рушд чанд маротиба бо намояндагони ширкатҳои “Amazon”, “Booking.com”, “Facebook”, “Google” ва “Netflix”, ки ба шахсони воқеии Тоҷикистон хизматрасонӣ мекунанд, вохӯриҳои виртуалӣ баргузор намуд.
“Бояд гуфт, ки ААИ - ро на фақат ширкати “Google”, инчунин, дигар шахсони хориҷии хизматрасониҳои электронӣ ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт менамоянд. Ба монанди “Google”, “Apple”, “Netflix International B.V.” ва ғайраҳо низ ба андозбандӣ ҷалб мешаванд”, - гуфт ӯ.
Каъбатулло Меликзода зикр кардааст, ки тағийрот ба фаъолияти ширкатҳои ватание, ки хизматрасониҳои электрониро анҷом медиҳанд, умуман, таъсир намерасонад.
Ба гуфтаи вай, ин тағйирот ба блогерҳо дар YouTube (Ютюб) тааллуқ надорад. Чунки онҳо ҳамчун шахси воқеӣ, асосан, аз ҳисоби шумораи зиёди обуначиҳо (подписчики), барои тамошои наворҳои гуногун ва дигар корҳо аз YouTube даромад ба даст меоранд, ки тибқи қонунгузории андоз даромади онҳо қаблан низ аз рӯйи андоз аз даромади шахсони воқеӣ андозбандӣ мешуданд.
Тибқи гузориши охири Кумитаи андоз, аллакай, Facebook, Google Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla (USA) Inc худро дар портали andoz.tj ба қайд гирифтаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала