Имзои меморандуми ҳамкорӣ миёни шаҳрҳои Хуҷанд ва Қӯқанд

© Мақомоти вилояти СуғдРаиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Ҳамакнун шаҳрҳои таърихии Хуҷанд ва Қӯқанд тибқи санади имзошуда ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодиро тақвият хоҳанд бахшид
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Миёни шаҳрҳои Хуҷанди вилояти Суғд ва Қӯқанди вилояти Фарғона меморандуми ҳамкорӣ имзо гардид, хабар медиҳад котиботи раиси вилояти Суғд.
Гуфта мешавад, ки бо имзо шудани ҳуҷҷат ба ҳамкории миёни ду шаҳри таърихии вилоятҳои Суғд ва Фарғона асос гузошта шуд.
Меморандуми ҳамкорӣ зимни қабули расмӣ дар Кохи "Ӯрда"-и шаҳри Қӯқанд аз тарафи раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва ҳокими шаҳри Қӯқанд Маъруф Усмонов ба имзо расид.
"Ҳамакнун шаҳрҳои таърихии Хуҷанд ва Қӯқанд тибқи санади имзошуда ҳамкориҳои тиҷориву иқтисодӣ, фарҳангӣ, варзишӣ, сайёҳӣ, ҳифзи сиҳатии омма ва илму маорифро тақвият хоҳанд бахшид", - омадааст дар хабарнома.
Премьер-министр Республики Узбекистан Абдулла Арипов и премьер-министр Таджикистана Кохир Расулзода - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Мулоқоти Расулзода бо Орипов: аз омодагиҳо ба сафари Мирзиёев то баррасии ҳамкориҳо
Ёдовар мешавем, ки ҳайати расмии вилояти Суғд таҳти раҳбарии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати иштирок дар бизнес-форуми минтақавӣ ба вилояти Фарғона сафар карда, дар доираи сафар миёни ду вилоят як қатор ҳуҷҷатҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.
Ӯзбекистон яке аз шарикони пешсафи иқтисодии Тоҷикистон ба ҳисоб рафта, ҳаҷми гардиши мол миёни ин ду кишвар дар соли 2020 - 333,8 миллион доллари амрикоиро ташкил намуд, ки дар самти радабандии кишварҳои бо Тоҷикистон мубодилаи молу маҳсулотдошта, мавқеи сеюмро ишғол менамояд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала