"Оскар - 2021": киҳо соҳиби ҷоизаи муътабар шуданд

© AP / Danny MoloshokСтатуэтка Оскара
Статуэтка Оскара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Дар Лос-Анҷелес маросими супурдани ҷоизаи муътабари "Оскар" ба поён расид
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Имсол 93-умин маросими ҷоизасупорӣ буд. Чорабинии идона аз ҷониби шабакаи телевизионии ABC пахш карда шуд.

Рӯйхати пурраи ғолибон

Ғолибон дар соли 2021:
"Оскар" барои беҳтарин нақшофар - Энтони Хопкинс дар филми "Падар".
Ҷоизаи "Оскар" барои беҳтарин ҳунарпешаи нақшофар - Фрэнсис МакДорман барои филми "Замини кӯчманчиён".
"Беҳтарин филм" - "Замини кӯчманчиён".
"Оскар" дар номинатсияи "Беҳтарин филми хориҷӣ" - филми "Боз яктаӣ" -и Томас Винтерберг.
"Оскар" барои беҳтарин коргардон - Хлои Чжао дар филми "Замини кӯчманчиён".
"Оскар" барои беҳтарин бозигари нақши дуюм - Даниэл Калуя барои филми "Яҳудо ва Масеҳи сиёҳ".
"Оскар" барои беҳтарин нақши дуюм миёни ҳунарпешагон - Юн Йо Ҷунг барои нақш дар филми "Минари".
"Оскар" дар номинатсияи "Беҳтарин филми тасвирии тасвирӣ" - "Ҷон".
"Оскар" барои беҳтарин суруд - Fight for You барои филми "Яҳудо ва Масеҳи сиёҳ".
"Оскар" барои беҳтарин сенария - "Духтаре, ик умед мебахшад".
"Оскар" барои беҳтарин сенарияи мутобиқшуда - филми "Падар" - и Флориан Зеллер.
"Оскар" барои беҳтарин филми тасвирии кӯтоҳ - "Агар чизе рӯй диҳад, ман шуморо дӯст медорам" - и Вилл МакКормак ва Майкл Гове.
"Оскар" дар номинатсияи "Беҳтарин садо" - филми "Садои Металл" -и Дориюс Мардер.
"Оскар" дар номинатсияи "Ороиши мӯй ва рӯй" - филми "Ма Рейни: Модари Блюз".
"Оскар" барои беҳтарин тарроҳии костюм - филми "Ма Рейни: Модари Блюз".
"Оскар" барои беҳтарин филми кӯтоҳи бадеӣ насиби филми "Ду кӯдаки ношинос" шуд.
"Оскар" барои беҳтарин филми кӯтоҳи ҳуҷҷатӣ - "Колет" -и Хюз Лоусон-Бади.
"Оскар" дар номинатсияи "Беҳтарин филми мустанади пурра" - "Муаллими ман - ҳаштпоя".
"Оскар" барои беҳтарин эффектҳои визуалӣ - филми "Далел" - и Кристофер Нолан.
"Оскар" барои бахши "Беҳтарин рассомон" - Доналд Грэм Берт ва Ҷен Паскал барои филми "Манк".
"Оскар" барои беҳтарин наворбардор - Эрик Мессершмидт дар филми "Манк".
"Оскар" дар номинатсияи "Монтажи беҳтарин" - филми "Садои Металл".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала