Қарзи “Барқи тоҷик” дар назди НБО “Сангтуда-1” боз зиёд шуд

© Sputnik / Амир Исаев / Гузаштан ба хазинаи аксСангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане
Сангтудинская ГЭС-1 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Ширкати “Сангтуда-1” эълон кардааст, ки ба далели пурра пардохт накардани пули барқи истеҳсолшуда, қарзи ширкати “Барқи тоҷик” дар назди ин ширкат то 136 миллион сомонӣ афзоиш ёфтааст
ДУШАНБЕ, 26 апр – Sputnik. Дар семоҳаи аввали соли равон қарзи "Барқи Тоҷик" дар назди “Сангтуда-1”, 135,96 миллион сомонӣ афзуда, то 31 марти соли 2021 он 1 миллиарду 73 миллион сомонӣ расидааст.
Гуфта мешавад, ки ҳаҷми миёнаи пардохти пули истифодаи барқ дар соли равон аз ҷониби ширкати "Барқи Тоҷик" дар назди ширкати “Сангтуда-1” ҳамагӣ 32,4 дарсадро ташкил додааст.
Маҳз ҳамин ҳолат боиси афзоиши қарзи ширкати давлатии Тоҷикистон дар назди ширкати “Сангтуда-1” шудааст.
Здание энергохолдинга Барки точик, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 17.02.2021
“Барқи тоҷик” даъвои “Сангтуда-1”-ро тасдиқ кард: мустақилона барқ фурӯхта наметавонад
Дар ҳамин ҳол, тавлиди нерӯи барқ ​​дар НБО Сангтӯда-1 дар моҳҳои январ-марти соли равон 556,39 миллион кВт /соатро ташкил додааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 91,25 миллион кВт/соат камтар аст.
Ҳамзамон манбаъ қайд кардааст, ки корҳои техникӣ ва таъмирӣ дар нерӯгоҳи барқи обӣ тибқи ҷадвали тасдиқёфта анҷом дода мешаванд. Иҷрои барномаи таъмирӣ ба истеҳсоли ҳаҷми зарурии барқ ​​аз ҷониби НБО таъсир намерасонад.
Нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда - 1", ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 11 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистон ҳосили кори ин нерӯгоҳ аст.
Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсади саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии "Сангтӯда 1" - ро дар ихтиёр доранд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала