Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Авохири моҳи декабри соли 2020 мақомоти Чин аз бурузи маризии илтиҳоби шуш бо нишонаҳои номаълум дар шаҳри Вуҳан хабар доданд.

Дар Қирғизистон маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешавад: кадомҳо?

© Sputnik / Табылды КадырбековМедсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото
Медсотрудник на санитарно-карантинном посту на въезде в город Бишкек. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Дар Қирғизистон дар робита ба паҳншавии густурдаи коронавирус маҳдудиятҳои нав ҷорӣ мешаванд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Ҳукумат баъзе маҳдудиятҳо, аз ҷумла манъи баргузории чорабиниҳои оммавиро бинобар бад шудани вазъи коронавирус дар Қирғизистон пешниҳод мекунад.
Бино ба иттилои Sputnik Қирғизистон, муовини аввали сарвазири Қирғизистон, Артем Новиков ҷаласаи Ситоди фаврии ҷумҳуриявиро оид ба мубориза бо коронавирус баргузор кард.
Дар ин ҷаласа, вазъ дар ҳар як минтақа, масъалаҳои бо доруҳо, таҷҳизот ва кормандони тиббӣ таъмин кардани беморхонаҳо, инчунин омодагӣ ба ҷойгир кардани катҳои нав барои беморони COVID-19 муҳокима карда шуданд.
Намаз во время Рамадана в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Эҳтимоли лағви намози Ид ва ҷумъа дар Қирғизистон
Ба гуфти Новиков, афзоиши шумораи гирифторони ин беморӣ дар саросари кишвар, аз ҷумла дар Бишкек ба мушоҳида мерасад.
"Вазъи эпидемиологӣ дар кишвар дар тӯли ҳафтаи охир тағйир ёфт. Мо дар як рӯз ба 400 ҳолати сабти беморони COVID-19 наздик шудем. Дар кишвар навъҳои нави ин вирус ба қайд гирифта шуданд. Ҳамаи амалҳо бояд ба таври возеҳ ҳамоҳанг карда шаванд", - гуфт муовини сарвазир.
Ӯ афзуд, ки бо назардошти он, ки бемории COVID-19 дар Бишкек бештар мушоҳида мешавад, шумораи гурӯҳҳои тиббии сайёрро аз 20 ба 25 расондан, мошинҳои ёрии таъҷилии бештарро истифода бурдан ва беморхонаҳои иловагиро аз ҳафтаи оянда ба кор бурдан зарур аст.
Вазорати тандурустӣ ва рушди иҷтимоӣ аз Идораи рӯҳонии мусалмонон даъват мекунад, ки масъалаи муваққатан боздоштани чорабиниҳои оммавӣ, аз қабили намози ҷумъа ва ифторро баррасӣ кунанд.
Коронавирусные ограничения в Рамазан в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Маҳдудиятҳои баъди ковидӣ дар моҳи шарифи Рамазон - 2021 дар Тоҷикистон
Ва инчунин, ба гуфти Вазорати тандурустӣ, бояд риояи қатъии на бештар аз 50 фоизи пур шудани театрҳо, кинотеатрҳоро таъмин намуда, баргузории чорабиниҳои оммавӣ маҳдуд карда шавад.
Мақомот мутмаин аст, ки ин чораҳо заруранд.
Новиков таъкид кард, ки нақшаҳои вокуниш қабул карда шудаанд ва ин кишвар бо ваксинаи чинӣ эм карда мешавад ва гурӯҳи аввали доруи русии "Спутник V" низ ворид шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала