Раҳмон гуфт, коронавирус несту оқибатҳояш ҳаст: Ӯ аз бекорӣ, нархҳо ва қурб зикр кард

© Пресс-служба Президента Республики ТаджикистанПрезидент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар Тоҷикистон аз аввали имсол коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, аммо оқибатҳои манфии он – аз қабили болоравии нархҳо, бекорӣ ва коҳиши қурби пули миллӣ ҷой доранд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, дар ҳамоиши байналмилалӣ бо иштироки сарони кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором, барқарорсозӣ пас аз буҳрон дар асоси усули “аз пештара ҳам хубтар” – ро баррасӣ кард.
Пайомадҳои буҳрони коронавирус аз мавзӯи меҳварии иҷлоси 77-уми Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором буд, ки тариқи маҷозӣ бо иштироки роҳбарони давлатҳои минтақа баргузор шуд.
Массовая кремация жертв коронавируса в Индии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
"Хабарҳо мисле ки аз ҷанг": зодаи Тоҷикистон аз даҳшати коронавирус дар Ҳиндустон гуфт
Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамоиши байналмилалӣ гуфт, ки ибтидо аз аввали соли равон дар қаламрави Тоҷикистон ҳолатҳои сироятшавӣ бо бемории КОВИД-19 ба қайд гирифта нашудааст, аммо иқтисоди ҷумҳурӣ ҳанӯз ҳам зери таъсири манфии оқибатҳои пандемия қарор дорад.

"Нархи хӯрокворӣ низ дар кишвари мо, ба мисли тамоюли болоравии нархи маводи хӯрокӣ дар саросари ҷаҳон, 13 фоиз боло рафт. Нархҳои маҳсулоти ғайрихӯрокворӣ аз аввали сол 5,8 фоиз ва тарифҳои хизматрасонӣ 4 фоиз афзоиш ёфанд", - изҳор дошт раисиҷумҳур.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, дар соли 2020, сарфи назар аз чораҳои андешидашуда, афзоиши ниҳоии маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишвар дар қиёс ба соли 2019 се фоиз коҳиш ёфт. Сатҳи таваррум дар ин давра аз 7,9 фоизи соли 2019 ба 9,4 фоиз расид.
Раисиҷумҳури Тоҷикистон зикр намуд, ки имрӯз дар дунё давлат ва соҳае нест, ки аз таъсири пандемияи КОВИД-19 эмин монда бошад. Ҳамзамон бо ин, пандемия омили ба таври бесобиқа боло рафтани сатҳи бекорӣ дар миқёси ҷаҳонӣ шудааст, ки метавонад кишварҳои мухталифро бо мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ дучор гардонад, афзуд Раҳмон.
Эмомалӣ Раҳмон инчунин аз корҳое, гуфт, ки Ҳукумат дар замони пандемия дар самти дастгирии иҷтимоию иқтисодӣ анҷом додааст.
Иллюстрация Коронавируса - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 22.04.2021
Пайомадҳои COVID-19 дар Тоҷикистон ва ҷаҳон
Дар Қирғизистон чор навъи нави коронавирус ошкор шуд
Ба гуфтаи раисиҷумҳур дар Тоҷикистон сабукиҳои зиёди андозиву қарзӣ ва имтиёзу ҷубронпулиҳо ба соҳибкорон ва корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ, пардохти кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ роҳандозӣ шуда, дар давраи пандемия, зиёда аз 193 ҳазор ҷойҳои кори доимӣ ва мавсимӣ ташкил шудааст. Ӯ инчунин аз афзоиши нафақаю маош зикр намуда, иттилоъ дод, ки соли гузашта барои соҳаи иҷтимоӣ 48 фоизи қисми хароҷоти буҷет ҷудо гардид.
Дар охири суханронӣ Эмомалӣ Раҳмон аз кишварҳои минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором даъват намудааст, ки ҳамкорӣ барои муқовимат ба таҳдиду буҳронҳои эҳтимолии оянда, таъмин намудани гуногунсамтии иқтисодиёт, густариши раванди рақамикунонӣ, мутобиқшавӣ ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим ва гузариш ба “иқтисоди сабз” - ро тақвият бахшанд.
“Дар ин давраи ҳассосу мушкил барои тамоми ҷомеаи ҷаҳонӣ амалҳои ҳамоҳангшуда ва дастгирии ҳамдигар басо муҳимму зарур мебошад”, - таъкид намуд Эмомалӣ Раҳмон.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала