Сохтмони 15 корхонаи бузурги саноатӣ дар Кӯлоб

© Сайт президента ТаджикистанаПромышленное предприятие "Азот", архивное фото
Промышленное предприятие Азот, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Дар шаҳри Кӯлоб сохтмони 15 корхонаи бузурги саноатӣ ба маблағи беш аз 4 миллиард сомонӣ дар назар аст
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Дар шаҳри Кӯлоб 15 корхонаи бузурги саноатӣ сохта мешавад, дар ин бора Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб хабар медиҳад.
Гуфта мешавад, ки дар доираи амалишавии "Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025", бунёди 15 корхонаи азим бо назардошти ашёи хоми маҳаллӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак, замонависозии 5 корхонаи фаъолияткунанда дар назар аст.
Ин корхонаҳо ба арзиши беш аз 4 миллиард сомонӣ бо ҷалби маблағгузории сармояи дохилию хориҷӣ пешбинӣ шудааст.
Ифтитоҳи 4 корхонаи нав дар Минтақаи озоди иқтисодии Данғара - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 15.04.2021
Дар МОИ "Данғара" 4 корхонаи нав кушода шуд: истеҳсолот ба Русия ва Афғонистон меравад
Феълан, теъдоди корхонаҳои саноатӣ дар шаҳри Кӯлоб ба 46 адад расидааст, аз ҷумла дар шаҳр 7 корхонаи коркарди сангу шағал, 3 корхонаи хишти пухта, 14 корхонаи истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, 9 корхонаи пахтатозакунӣ, 2 корхонаи соҳаи мошинсозӣ, корхонаи ресандагӣ, 4 корхонаи дӯзандагӣ ва як коргоҳи мебелбарорӣ фаъолият доранд, менависад АМИТ "Ховар".
Дар корхонаҳои мазкур зиёда аз 180 номгӯй маҳсулот, аз қабили нахи пахта, хишти бинокорӣ, регу қуми шустагӣ, бетони бинокорӣ, хишти сементӣ, нон ва маҳсулоти нонӣ, маҳсулоти макаронӣ, мебелҳои гуногун, 66 намуди маҳсулоти хӯрокворӣ ва ғайра истеҳсол карда мешаванд.
Бояд гуфт, ки “Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2020-2025” бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 июни соли 2020 тасдиқ гардида, дар он афзалият ба рушди соҳаи саноат дода шудааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала