Сокини Исфара барои воридоти 48 сар гов аз Қирғизистон боздошт шуд: боҷ насупоридааст

© Sputnik / Ilya Naimushin / Гузаштан ба хазинаи аксКоровы на пастбище в Хакасии
Коровы на пастбище в Хакасии - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Мард, 48 сар чорвои калони шохдорро бидуни пардохти боҷи гумрукӣ вориди Тоҷикистон кардааст
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон марди 53-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфараро бо гумони қочоқи ғайриқонунии чорвои калони шохдор дастгир кард.
Тибқи иттилои ин ниҳод, номбурда, рӯзи 10 апрел, 48-сар чорвои калони шохдори зоти сарсафеди қазоқиро, ҷамъ ба маблағи 241 ҳазору 500 сомонӣ бидуни назорати гумрукӣ, бе декларатсия ва супоридани боҷи гумрукӣ, бо роҳи қочоҷ аз Ҷумҳурии Қирғизистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудааст.
Мясо на рынке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 30.11.2020
Ҷӯҷа ба ҷои гов: чӣ тавр манъсозии қирғизҳоро ба фоидаи тоҷикон бояд табдил дод?
Тибқи гузориши ВКД, 20 апрел, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, аз номбурда 48-сар чорвои калони шохдор ҳамчун далели шайъӣ гирифта шуд.
Ин ниҳод мегӯяд, нисбати гумонбаршаванда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 289 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала