Вазорати кишоварзӣ эълон мекунад: ягон вирусу тобамовирус дар Тоҷикистон нест

© Flickr \ Хадамоти матбуоти Президенти ТоҷикистонВыращивание помидоров в теплице
Выращивание помидоров в теплице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Обуна шудан
Гуруҳи кории вазорати кишоварзии Тоҷикистон, ки ба хотири таҳқиқи тобамовирус ё вируси чиндори бурранги помидор таъсис ёфта буд, кори худро ба анҷом расонд
ДУШАНБЕ, 26 апр — Sputnik. Сулаймон Зиёзода, вазири кишоварзии Тоҷикистон, ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, гуруҳи корӣ дар тамоми вилояту навоҳие, ки бо кишти гулхонаӣ машғул буданд, таҳқиқ гузаронд, аммо нишоне аз ин гуна вирус пайдо накард.

“На фақат ин вирус, балки дигар намуди вирус ҳам ошкор нашуд. Маҳсулоти мо дар ҳама ҷо солим рушд мекунад. Он расонаҳое, ки дар ин бора навиштаанд, эҳтимолан бар асоси хулосаҳои тахминӣ қазоват намуда, матлаб нашр кардаанд”, - гуфт Сулаймон Зиёзода.

22 апрел сомонаи East Fruit, як портале, ки ба бозори маҳсулоти кишоварзӣ, аз қабили сабзавот, мева, буттамева ва чормағз дар Аврупои Шарқиву Осиёи Марказӣ ихтисос ёфтааст, аз эҳтимоли вуруди тобамовирус ё вируси чиндори бурранги помидор (Tomato brown rugose fruit virus, ToBRFV) ба гулхонаҳои Тоҷикистон хабар дода буд.
Коршиносони ин сомона бар пояи маълумоти деҳқонон ва манобеъи худ, ҳамчунин ин ки қимати як кило помидори гулхонаӣ дар бозорҳои Тоҷикистон ҳудуди 2 доллари амрикоӣ арзиш дорад ва ин нарх дар қиёс бо моҳҳои зимистон қариб як баробар зиёд аст, ба ин натиҷа расидаанд, ки маҳз тобамовирус ҳосили деҳқонони тоҷикро барбод дода, ин қиматиро ба вуҷуд овардааст.
Выращивание помидоров в теплице - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.04.2021
“Куяи помидор” ё тобамовирус? Хатари вируси нав ба кишоварзии Тоҷикистон
Вазорати кишоварзии Тоҷикистон дар пайи ин хабар бо ҷалби мутахассисони Академияи улум ва Пажӯҳишгоҳи зироаткории Академияи кишоварзии Тоҷикистон ба омӯзиши вазъ пардохт.
Сулаймон Зиёзода мегӯяд, дар пайи омӯзиши вазъ дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Навоҳии тобеи ҷумҳурӣ маълум шуд, ки ҳеҷ гулхона ба ҳамчунин хатар мувоҷеҳ нашудааст.
“Мо гулхонаи зиёд надорем. Сохтмони онҳо нав дар Тоҷикистон авҷ мегирад. Дар ҳоли ҳозир гулхонаҳо умдатан эҳтиёҷоти бозорҳои худи маҳалҳоро таъмин мекунанд. Болоравии нарх авомили дигар дорад, ки ба тоҷирон маълум аст”, - гуфт вазири кишоварзии Тоҷикистон.
Онҳое, ки бо тиҷорати помидор машғуланд, ба Sputnik Тоҷикистон гуфтанд, ки далели боло рафтани нархи помидор дар Тоҷикистон қатъи воридоти он аз Покистон аст ва ҳоло он фақат аз вилояти Самарқанди Ӯзбекистон дохил мешавад.
Посадка картофеля в Согдийской области - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 19.04.2021
Дар Тоҷикистон харитаи минтақаҳои ҳосилхезро нашр шуд
Аввалин тобамовируси помидор моҳи ноябри соли гузашта дар помидору қаламфури вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон дар Русия ошкор шуда, декабри ҳамон сол Росселхознадзор, идораи назорати маҳсулоти кишоварзии Русия, воридоти меваву сабзавотро аз Ӯзбекистон, Арманистон, Озарбойҷон ва Туркия манъ кард.
Дар поёни моҳи марти соли равон Қазоқистон низ ба далели ошкор шудани ин вирус дар помидорҳо аз Озарбойҷон, Туркманистон, Ӯзбекистон ва Туркия воридоти сабзавотро мамнӯъ сохт.
Лентаи хабарҳо
0