Зеленский даъвати Путинро барои мулоқот қабул кард

© Sputnik / Стрингер / Гузаштан ба хазинаи аксПрезидент Украины Владимир Зеленский во время пресс-конференции
Президент Украины Владимир Зеленский во время пресс-конференции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Президенти Украина Владимир Зеленский барои мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путин розӣ шуд
ДУШАНБЕ, 26 апрел - Sputnik. Президенти Украина Владимир Зеленский омодагии худро барои мулоқот бо раҳбари Русия Владимир Путин эълом кард.
Ба гуфти ӯ муҳим нест, дидор дар куҷо мешавад.
"Ҳамаи корҳо чунин мегузарад, ки бо Путин мулоқот кунем - ман аллакай ба раҳбари дастгоҳи президент дастур додам, ки рӯз ва маконро мувофиқа кунанд", - қайд кард Зеленский.
Маълум аст, ки кишвардори украинӣ бо ҳамтои русаш масоили забони русӣ ва калисоро баррасӣ мекунад.
Дар баробари ин сухангӯи Кремл Дмитрий Песков изҳор дошт, ки дигар ҷузъиёти дидори Путин ва Зеленский маълум нест.
Қаблан, сарони давлатҳо барои баррасии муносибатҳои дуҷониба ҳамдигарро ба дидор даъват карданд. Аммо, ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ба қабули онҳо шитоб намекарданд, зеро Маскав ва Киев мехостанд танҳо бо шартҳои худ мулоқот кунанд.
Президент Украины В. Зеленский - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Равам ё наравам: Зеленский пешниҳоди Путинро барои мулоқот дар Маскав фикр мекунад
Маълум аст, ки Русия аз Украина интизор аст, ки созишномаҳои Минскро иҷро кунад.
Путин бошад тавзеҳ дод, то даме ки раҳбари Украина масъалаи ҷумҳуриҳои эътирофнашуди мардумии Донетск ва Луганскро ҳал накунад, дар бораи Донбасс бо ӯ сухан нахоҳад гуфт.
"Дар навбати аввал раҳбарияти Украина бояд бо сарони Ҷумҳуриҳои эътирофнашудаи Донетск ва Луганск гуфтугӯ кунад", - қайд кард ӯ.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала