Аёдати Абдуллозода аз 10 ҷавони осебдидаи садамаи "Старекс" ва суҳбат бо пайвандонашон

© Министерство здравоохранения РТМинистр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода посетил родильное отделение Центральной больницы Вахдата
Министр здравоохранения и социальной защиты Республики Таджикистан Джамолиддин Абдуллозода посетил родильное отделение Центральной больницы Вахдата - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Ҷамолиддин Абдуллозода ба аёдати 10 ҷавони осебдидаи садамаи "Старекс" рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат карду гуфт, табобаташон зери назорати вазир аст
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода дар доираи сафари корӣ ба ноҳияи Дӯстӣ бо вазъи саломатии ҷавононе, ки шоми 24 апрел бар асари оташ гирифтани "Хундай-Старекс" ҷароҳат бардоштаанд, ошно шуд.
Абдуллозода ҳамзамон бо наздикону пайвандони осебдидагон суҳбат намуда, иброз дошт, ки Вазорат баҳри табобати онҳо тамоми кӯшиш ва талоши хешро равона менамояд, хабар медиҳад АМИТ "Ховар" бо такя ба Вазорати тандурустии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ки вазир барои дар сатҳи баланд расонидани хизмати тиббӣ ба осебдидагон ба роҳбарияти беморхонаи мазкур дастуру супоришҳои мушаххас дода, огоҳ намуд, ки табобати онҳо пурра ройгон ба роҳ монда шавад ва ҷараёни табобати онҳо зери назорати бевоситаи вазири тандурустӣ қарор дорад.
Учения КЧС РТ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 26.04.2021
Таркиш не: шарҳи мақомот дар бораи оташгирии маргбори “Старекс” бо 11 ҷавон
Инчунин, Абдуллозода бо як қатор пайвандони бемороне, ки дар беморхонаи мазкур бистарӣ мебошанд, гуфтугӯ карда, аз онҳо доир ба рафти хизматрасонии тиббии муассисаи мазкур пурсон шудааст.
Ёдовар мешавем, ки шоми 24-уми мошини тамғаи "Хундай-Старекс", таҳти идораи сокини ноҳияи Рӯдакӣ, ба девори бетонии ҳошияи роҳ бархӯрда, чаппа шуда оташ гирифтааст.
Дар садамаи мазкур 12 нафар маҷрӯҳ шуда, бо ҷароҳатҳои гуногун дар Беморхонаи марказии Дӯстӣ бистарӣ шуданд ва ду нафарашон бар асари ҷароҳати вазнин ба ҳалокат расидаанд.
Ҳоло вазъи саломатии 10 нафари дигар муътадил арзёбӣ мешавад.
Қаблан шоҳидони ҳодиса хабар дода буданд, бар асари таркиши газ, “Старекс”, ки ҳомили 11 мусофири ҷавон будааст, дар вилояти Хатлон оташ гирифтааст. Навор аз ҷои ҳодиса дар саҳифаи Парвиз.тв нашр гардидааст.
Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ мегӯянд, ин ҷавонон ҳамаашон ҳамкурс будаанд. Гуфта мешавад, ки дар он рӯз ҷавонон аз шаҳри Душанбе ба хонаи ҳамкурсашон ба ҷаноза мерафтанд, ки дар роҳ ин ҳодисаи нохуш рух додааст.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала