Барканории сармураббии "Ал-Ҳилол" баъди шикаст аз "Истиқлол"

© SAAD ALANZEИгроки "Истиклол"
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Мураббии дастаи футболи овозадори "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ баъди шикасташ аз тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон барканор шудааст
ДУШАНБЕ, 27 апрел - Sputnik. Дар бораи барканории мураббии дастаи "Ал-Ҳилол" Руҷерио Миколе расонаҳои арабӣ гузориш додаанд.
Ёдрас мешавем, шоми 24 апрел тими "Истиқлол"-и Тоҷикистон дастаи "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудӣ, қаҳрамони пешинаи Конфедератсияи футболи Осиёро бо ҳисоби калон шикаст дод. Рақобати дастаҳо бо ҳисоби 4:1 хотима ёфт.
Ҳамин тавр, бунгоҳи "Саъудӣ-спорт" дар истинод ба вебгоҳи форсии "Варзиш се", аз барканории сармураббии бразилитабори "Ал-Ҳилол" – Руҷерио Миколе пас аз шикасти сангин муқобили "Истиқлол"-и Тоҷикистон хабар додааст.
Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии Истиқлол ҳангоми нишасти матбуотӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Назари Эргашев дар арафаи бозии "Истиқлол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ": барои се хол талош мекунем
Ба қавли "Саъуди-спорт", мудирияти бошгоҳи "Ал-Ҳилол" ба риёсати Фаҳад ибни Тойиф тасмим гирифт, ки Руҷерио Миколе, сармураббии ин дастаро пеш аз поёни фасли футболи 2020-21 аз симати худ барканор кунад.
Гуфта мешавад, Миколе натвонистааст дар мусобиқоти дохилию хориҷӣ натиҷаҳои хубе ба даст биёварад.
Ёдрас мешавем, дар бозие, ки 24 апрел байни "Истиқлол" ва "Ал-Ҳилол" буд, ҳисоби бозиро нахуст Бафетимби Гомис аз дасти ҳариф дар дақиқаи 24-ум кушод.
Аммо тими "Истиқлол" дар бозии гузаштааш, ки аз ин ҳариф шикаст хӯрда буд, намехост дубора он ҳолат такрор шавад ва ҳаминтавр давоми 14 дақиқа дар ду давр чор гол вориди дарвозаи арабҳо карданд.
Навори пирӯзии тӯфонии "Истиқлол" дар "Ар-Риёз"
Голҳои "Истиқлол"- ро Манучеҳр Ҷалилов дар дақиқаҳои 39 ва 44, инчунин Манучеҳр Сафаров бошад, дар дақиқаҳои 49 ва 52 ба вориди дарвозаи ҳариф карданд.
"Истиқлол" бозии навбатиашро бар зидди "Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай" баргузор хоҳад кард.
Лентаи хабарҳо
0