"Чун узви оила": Ситораҳои Русия ёварони тоҷикашонро нишон доданду таъриф карданд – видео

Обуна шудан
Чеҳраҳои шинохтаи Русия вақтҳои охир тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва телевзионҳои федералӣ дар мавриди ёрдамчиёни тоҷикашон мегӯянд, ки дар кору хоҷагӣ барояшон кумак мекунанд
Марат Башаров, ҳунарманди шинохтаи Русия, ба барномаи “Ситораҳо ба ҳам меоянд” дар телевизиони “НТВ” бо ёрдамчияш, Илёс Раҳмонов, корманди кироя аз Тоҷикистон омад.
Башаров изҳор дошт, ки Илёс ба ӯ дар корҳои хоҷагидорӣ кумак мекунаду дӯсти хуби аҳли хонаводааш мебошад.
“Дӯсти хуби фарзандонамон – духтари калонию писари хурдиямон мебошад. Парастори тоҷики мост”, - изҳор дошт Башаров дар муаррифии Раҳмонов.
Илёс дар барнома изҳор дошт, ки рӯзи корияш дар соати 7 оғоз мешавад, аммо аз хоб соати 4 мехезад.
“Субҳ мехезам, дар корҳои хоҷагидорӣ кумак мекунам, сабзазорро дуруст мекунам, бо саг сайругашт мебароям. Ҳар коре, ки дар хоҷагӣ бошад, анҷом медиҳам”, - нақл кард Илёс Раҳмонов.
Ӯ аз Башаров тавсиф кард, ки инсони хубу ҳамакора мебошад ва ҳар вақте хоҳиш дошта бошад, худаш низ корҳои хоҷагидориро анҷом медиҳад.
Қаблан ситораи дигари Русия дар мавриди корманди тоҷикаш тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ суҳбат карда буд.
Балерина Анастасия Волочкова - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 05.01.2021
"Ӯ беҳтарин инсон аст": Волочкова бори нахуст хизматгорзани тоҷикашро нишон дод - акс
Анастасия Волочкова аз зани тоҷик, ки солҳо дар хизмати ӯст, васф кард ва ӯро ҳамчун яке аз аъзоёни хонаводаи худ хонд.
Волочкова гуфт, барои як оилаи тоҷик, ки дар хонаи ӯ кор мекунанд, ҳар моҳ 60 ҳазор рубл ҳақмузд пардохт мекунад. Ӯ гуфт, барои ин миқдор маблағ, зани тоҷик ҳамроҳ бо ҳамсари худ, хонаи ӯро тамиз мекунанд, барояш хӯрок омода мекунанд ва ҳамзамон боғу роғи ӯро ба тартиб меоранд.
Лентаи хабарҳо
0