Баҳори гарм: пешгӯии дақиқи ҳавошиносони тоҷик

© Sputnik / Амир ИсаевЦветущие деревья в Душанбе
Цветущие деревья в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Дар Тоҷикистон ҳаво камабри бебориш шуда, ҳарорат ба 31+36 дараҷа мерасад
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Бино ба гузориши Ожонси ҳавошиносӣ, имрӯз дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои камабри бебориш дар назар аст.
Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона 2+7 ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона 5-10 дараҷа хунук ва рӯзона 5+10 дараҷа гарм мешавад.
Ҳаво дар вилояти Суғд камабр ва дар баъзе ноҳияҳо тағйирёбандаи бебориш мешавад.
Отдыхающие в Центральном парке культуры и отдыха имени Горького в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 14.04.2021
Гармии рекордӣ дар Маскав: то 21,5 дараҷа расид
Бод аз сӯи шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 ва рӯзона 28+33 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 3+8 дараҷа гарм ва рӯзона 18+23 дараҷа гарм мешавад, менависад АМИТ "Ховар" аз қавли Ожонс.
Дар вилояти Хатлон ҳавои камабри бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад. Дар доманакӯҳҳо ҳаво шабона 11+16 дараҷа гарм ва рӯзона 31+36 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво камабри бебориш пешгӯӣ шудааст. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад.
Ҳаво дар водиҳо шабона 9+14 дараҷа гарм ва рӯзона 29+34 дараҷа гарм мешавад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ ҳаво шабона 5+10 ва рӯзона 22+27 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво камабри бебориш мешавад. Шамол аз самти шарқ бо суръати 3-8 метр дар як сония мевазад. Ҳаво шабона 11+13 ва рӯзона 31+33 дараҷа гарм мешавад.
Лентаи хабарҳо
0