28 сол ҳукми зиндони марде, ки собиқ ҳамсарашро ба сайру гашт бурду кушт

© Sputnik / Руслан КривобокМолоток судьи, архивное фото
Молоток судьи, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Коллегияи парвандаҳои ҷиноии Суди Олии Тоҷикистон нисбати шаҳрванд А.Г.Зоиров бо иттиҳоми куштор ва ғоратгарӣ ҳукм содир кард.
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Тибқи иттилои маркази матбуоти Прокуратураи генералии ҷумҳурӣ, дар ҷараёни тафтишоти пешакӣ ва мурофиаи судӣ муқаррар карда шуд, ки А.Зоиров қаблан бо моддаҳои гуногуни Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тотористон се маротиба ба ҷавобгарӣ кашида шудааст.
Ба иттилои манбаъ, ҳодиса 12 декабри соли 2020 сар зада, мард бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан ва ба даст овардани молу мулк собиқ ҳамсараш чунин кор кардааст.
Машина полиции - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.04.2021
Боздошти марде, ки пас аз ҷудо шудан аз ҳамсару 5 фарзанд, молу мулки занашро оташ зад
Манбаъ мегӯяд, А.Зоиров ҳамсари собиқаш Қурбонзода Т.Б.-ро бо роҳи фиреб, гӯё барои сайру гашт намудан ба талу теппаҳои қисмати шарқии ҳудуди Ҷамоати шаҳраки Файзободи ноҳияи Файзобод ба ҷойи беодам ба лаби ҷарӣ бурда, ногаҳон ба номбурда ҳамла карда, охиронро аз баландии 6 метр бо поён тела додааст, ки дар натиҷа Қурбонзода Т.Б. ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, имконияти муқобилият намуданро аз даст додааст.
"Зоиров А.Г. аз ин фурсат истифода намуда, бо дастонаш якчанд зарба ба сару рӯи Қурбонзода Т.Б. зада, баъдан бо руймоли дар сараш буда охиронро буғӣ ва аз ҳаёт маҳрум намудааст",- афзудааст манбаъ.
Сипас, Зоиров А.Г. аз ҳамёни Қурбонзода Т.Б. маблағи 5010 сомонӣ, аз дасташ ангуштарини тиллой бо арзиши 400 сомонӣ ва телефони мобилиашро бо арзиши 150 сомонӣ тасарруф намуда, ҷасади номбурдаро зери хок намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
Гуфта мешавад, бо ҳукми коллегиям судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олӣ аз 16 апрели соли 2021 Зоиров А.Г. бо моддаҳои 104 қисми 2 банди “и” ва 249 кисми 3 КҶ Ҷумҳурии Тоҷикистон гунаҳгор дониста шуда, нисбаташ ҷазои ниҳоӣ- маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 28 сол таъйин карда шуд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала