Ҷангандаҳои СУ-25 аз Тоҷикистон ба Қирғизистон парвоз карданд

© Sputnik / Alexander Vilf / Гузаштан ба хазинаи аксШтурмовики Су-25 во время репетиции воздушной части парада Победы
Штурмовики Су-25 во время репетиции воздушной части парада Победы - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Халабонҳои ҳавопаймоҳои ҷангии рус аз фурудгоҳи Ҳисор ба пойгоҳи ҳавоии Кант парвоз карданд
ДУШАНБЕ, 27 апрел - Sputnik. Ҳавопаймоҳои ҷангии Су-25-и Русия аз фурудгоҳи низомии Ҳисори Тоҷикистон ба пойгоҳи ҳавоии Канти Қирғизистон парвоз кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Ҳавзаи ҳарбии марказӣ.
Ҳавопаймоҳо пас аз анҷоми як тамрини муштараки тактикӣ бо ҷузъу томҳои пойгоҳи низомии 201-и Русия ва нерӯҳои мусаллаҳи Тоҷикистон ба пойгоҳ баргаштанд.
Маълум аст, ки халабонон дар амалиётҳои муштарак дар тамрингоҳҳои Ҳарб-Майдон ва Момирак ширкат варзида, дар он ҷо ба гурӯҳи муштараки нерӯҳои ҳавоиро дастгирӣ мекарданд.
Ҳангоми амалиётҳо экипажҳои Су-25 пойгоҳҳои камуфлеси душмани хаёлиро ҷустуҷӯ карданд, ба ҳадафҳо зарбаҳои мушакӣ ва бомба заданд, инчунин усулҳои баромадан аз ҳамлаҳои системаҳои мушакии сайёри зенитии душманро омӯхтанд.
Учения Центр-2019 в Таджикистане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 20.11.2020
Низомиёни Русия дар Тоҷикистон таҷрибаи ҷангии андӯхта дар Сурияро тамрин мекунанд
Дар маҷӯъ, 20 парвоз анҷом дода шуд ва 30 мушаки ҳавоии бесарнишин истифода шуд.
Ёдовар мешавем, ки тамринҳои муштарак дар тамрингоҳи Харб-Майдон, Самбули ва Момирак таҳти роҳбарии фармондеҳи Ҳавзаи марказии ҳарбӣ генерал-полковник Александр Лапин баргузор шуданд ва аз ҷониби Русия тақрибан 2500 нафар хизматчиёни ҳарбӣ ва то 400 адад техникаи ҳарбӣ дар чорабиниҳо ҷалб карда шуд.
Бояд қайд кард, ки қаблан маълум буд, ки соли 2021 дар қаламрави Тоҷикистон се машқҳои муштарак ба нақша гирифта шуда буданд: бо қувваҳо ва воситаҳои иктишофи "Поиск-2021", бо қувваҳо ва воситаҳои таъминоти моддию техникии "Эшелон-" 2021 ", бо нерӯҳои дастаҷамъии вокуниши сареъи СПАД" Взаимодействие-2021".
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала