Ҷинояткори эҳтимолӣ, ки дар Русия мавриди пайгард буд, дар Тоҷикистон боздошт шуд

© Фото : ЦОС ФСБ РФ / Гузаштан ба хазинаи аксЗадержание, архивное фото
Задержание, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Кормандони милитсияи ноҳияи Кӯшониён сокини 31-солаи ин минтақаро, ки дар Русия мавриди пайгард қарор дошт, боздошт намуданд
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилаи Тоҷикистон, ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ акормандони милитсия, шахси дар кофтуков буда Мирзоев Давлатшоҳ, сокини ноҳияи Кӯшониён, ҷамоати деҳоти Заргарро боздошт карданд.
ВКД таъкид доштааст, ки Мирзоев Давлатшоҳ ҳангоми дар Русия дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштанаш, барои содир намудани ҷинояти касдан расонидани зарари вазнин ба саломатии шаҳрванди Тоҷикистон айбдор дониста шуда, дар ҷустуҷӯи расмӣ қарор дошт, дастгир карда шуд.
Гуфта мешавад Мирзоев Давлатшоҳ ҳангоми муҳоҷирати корӣ дар Русия 1 феврали соли 2016 бо ҳамдеҳааш Одилҷон Ҳакимов муноқиша карда, ӯро бо корд ду маротиба зада аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Наручники, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 21.08.2019
Русия шаҳрванди 36 - солаи тоҷикро, ки дар пайгард қарор дошт ба Тоҷикистон истирдод кард
Дар ҳоли ҳозир, нисбат ба Давлатшоҳ Мирзоев мутобиқи моддаи 110, қ.1-и Кодекси ҷиноятии ҶТ (Расонидани зарари вазнин ба саломатӣ) парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ӯ мавриди пайгард эълон шуд.
Таъкид шудааст, ки дар сурати исботи гуноҳ ба ӯ ҷазои аз 8 то 10 соли маҳрумият аз озодӣ таҳдид мекунад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала