Маълум шуд, дар кадом масҷидҳо намози Ид баргузор мешавад: Маскав

© Sputnik / Evgeniy OdinokovМусульмане перед намазом в день праздника Ураза-байрам у Соборной мечети в Москве
Мусульмане перед намазом в день праздника Ураза-байрам у Соборной мечети в Москве - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Дар рӯзи иди Рамазон мусалмонон дар чаҳор масҷиди шаҳри Маскав намоз хоҳанд гузошт
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Дар Маскав иди Рамазонро тақрибан 250 ҳазор нафар ҷашн мегиранд.
Дар ин бора роҳбари мусалмонони Федератсияи Русия, муфтӣ Албир Крганов дар нишасти матбуотӣ дар хабаргузории "Россия сегодня" сухан гуфт.

"Бо вуҷуди он, ки қисме аз муҳоҷирон рафтанд, дар Маскав мусалмонони зиёде ҳастанд, ки ба таври доимӣ зиндагӣ мекунанд", - гуфт ӯ.

Ба гуфти Крганов, мусалмонон имсол метавонанд намози Идро танҳо дар чаҳор масҷид адо намоянд. Маконҳои иловагӣ барои мусалмонон дар соли 2021 боз нахоҳанд шуд.
Муфтӣ мушаххас кард, ки мусалмононро дар масҷиди Ярдам дар кӯчаи Хачатурян, масҷид дар кӯчаи Татарская, масҷиди ҷомеи Маскав дар Проспект Мира ва инчунин дар масҷиди воқеъ дар Поклонная Гора интизор мешаванд.
Крганов таъкид кард, ки аксари кӯчаҳои Маскав, ки дар наздикии ҷойҳои намоз ҷойгиранд, барои ҳаракати бехатари нақлиёт баста мешаванд.
Намаз во время Рамадана в Казахстане - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Эҳтимоли лағви намози Ид ва ҷумъа дар Қирғизистон
Ёдовар мешавем, моҳи шарифи Рамазон 12 апрел оғоз ёфт. Дар ин давра, имондорон рӯзаи қатъии 30-рӯзаро риоя мекунанд ва дуоҳо мехонанд. Иди Рамазон 13 май таҷлил карда мешавад. Одатан, дар ин рӯз дар масҷидҳо намозҳои оммавӣ хонда мешаванд.
Лентаи хабарҳо
0