“Moody’s” бо мақомоти Тоҷикистон мудирияти қарзи хориҷии ҷумҳуриро баррасӣ кард

CC BY 2.0 / Tax Credits / CoinsМонеты, архивное фото
Монеты, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии “Moody’s” бо мақомоти Тоҷикистон мудирияти қарзи хориҷии Тоҷикистонро баррасӣ карданд
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Ба иттилои дафтари матбуоти вазорати молияи Тоҷикистон, ахиран мулоқоти маҷозии муовини Вазири молия Юсуф Маҷидӣ ва намояндагони Агентии байналмилалии рейтингии “Moody’s” баргузор шуд.
Манбаъ таъкид доштааст, ки ҷонибҳо нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодӣ ва фискалӣ, инчунин самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти Тоҷикистонро баррасӣ карданд.
“Илова бар ин, масъалаҳои вобаста ба сиёсати фискалии кишвар, мудирияти қарзи хориҷӣ ва ҷалби сармоягузориҳои хориҷӣ баррасӣ шуданд”, - таъкид доштааст манбаъ.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо изҳори боварӣ карданд, ки ҳамкорӣ байни Вазорати молияи Тоҷикистон ва Агентии байналмилалии рейтингии “Moody’s” дар оянд низ ба таври самаранок рушд хоҳад кард.
Экономический рост, архивное фото  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 24.12.2020
Афзоиши қарзи берунаи Тоҷикистон дар даврони вируси корона
Ёдрас мешавем, ки тибқи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ қарзи давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 бо суръат афзоиш ёфтааст.
Тибқи иттилои манбаъ, қарзи давлатии Тоҷикистон дар соли 2020 наздик ба 40 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД) расидааст.
"Қарзи берунаи Тоҷикистон то моҳи сентябри соли равон наздик ба 40 дарсади ММД расидааст. Дар соли 2019 ин рақам муодили 36,6 дарсади ММД буд", - таъкид шудааст дар гузориш.
Қаблан хабар дода шуда буд, ки ҳаҷми қарзи хориҷии Тоҷикистон аз 3 миллиард доллар гузашта, 43,8% ММД ҷумҳуриро ташкил медиҳад. Ҳамин тариқ, дар ҳоли ҳозир қарзи хориҷӣ барои ҳар як сокини кишвар 339 доллар рост меояд.
Дар ҳамин ҳол, Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи Тоҷикистон гуфта буд, ки то 1 октябри соли 2020 ҳаҷми умумии қарзи давлатии ҷумҳурӣ 3,7 миллиард доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Экономический рост, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 03.03.2021
Қарзи хориҷии Тоҷикистон аз ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ зиёд шуд
Ба гуфтаи вазири молияи Тоҷикистон, барои хизматрасонии қарзи беруна дар соли 2021 ҳудуди 213,5 миллион доллар, соли 2022 - 238,2 миллион доллар ва соли 2023 ҳудуди 243,3 миллион доллари амрикоӣ ба нақша гирифта шудааст.
Қаҳҳорзода тавзеҳ дод, ки дар буҷа барои соли 2021 барои хизматрасонии қарзи берунаи давлатӣ 2,3 миллиард сомонӣ пешбинӣ шуда, 1 миллиард сомонии он барои пардохти қарзи асосӣ ва 861,1 миллион сомонӣ барои пардохти фоизҳои он аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ равона карда мешавад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала