Нигаронии иқтисоддонҳо аз коҳиши босуръати доллар дар ҷаҳон

© PixabayДоллары
Доллары  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Ҳар сол коҳиши вобастагӣ аз доллар дар Русия ва Аврупо зиёд мешавад: кай кишварҳо вобастагии худро аз асъори амрикоӣ коҳиш хоҳанд дод?
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Раванди коҳиши вобастагӣ аз доллар дар Русия, Аврупо ва Чин тадриҷан шиддат мегирад. Дар ин бора Василий Коновалов, роҳбари, Noble Russian Finance Club ба агентии “Прайм” таъкид доштааст.
Ба ақидаи коршиноси масоили иқтисодӣ, асъори амрикоӣ оҳиста-оҳиста аз кишварҳо гум мешавад ва вале то ҳол аксари кишварҳо нисфи ҳисоббаробаркунии муштаракашонро бо доллар анҷом медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, оқои Коновалов таъкид кард, ки суръат бахшидан ба раванди коҳишёбии вобастагӣ аз доллар на танҳо зиёновар, балки мушкил низ ҳаст.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Иқтисоддон гуфт, ки бо вуҷуди ин, дар даҳ соли охир ҳиссаи пули Амрико дар ҳисоббаробаркунии байналмилалӣ коҳиш ёфт. Ин бештар ба зиёдшудани нуфузи евро вобастагӣ дорад.
"Агар дар ибтидои аср ҳиссаи доллар дар тиҷорати ҷаҳонӣ беш аз 70% -ро ташкил медод, пас ҳоло он камтар аз 50% шудааст", - гуфт Коновалов.
Аммо дар ҳоли ҳозир ҳатто кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо ба афзоиши талаботи евро манфиатдор нестанд.
Ба гуфтаи коршинос, дар давраи таназзули иқтисодӣ, кишварҳои аврупоӣ омодаанд ба хотири баланд бардоштани рақобатпазирӣ қурби асъори худро поин биёранд.
Купюры долларов в унитаз - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 11.03.2021
Падруд доллар: Русия вобастагии худро аз доллар кам дорад
Коновалов таъкид кард, ки коҳиши вобастагӣ аз доллар маънои пурра аз байн рафтан ё коҳиш ёфтани пулро надорад. Чунин нақшаҳо танҳо дар давраи ҷанги ҷаҳонӣ ё бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ имконпазиранд.
Дар кишварҳои мухталиф боздоштани ҷараёни коҳишёбии вобастаги аз доллар ғайриимкон аст.
Коршиноси масоили иқтисодӣ тавсия дод, ки ҳамагӣ зиёда аз 30 дарсади захираҳои пулиро бояд бо асъори хориҷӣ захира кард.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала