Аз рублу доллар то евро: Бонки миллӣ арзиши асъори хориҷиро нисбат ба сомонӣ эълон кард

© Sputnik Таджикские сомони и рубли, архивное фото
Таджикские сомони и рубли, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Бонки миллии Тоҷикистон арзиши сомониро нисбат ба асъори хориҷӣ эълон кард, ки пули миллӣ вазъи беқурбшавиро нишон медиҳад.
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Тибқи нишондоди Бонки миллии Тоҷикистон арзиши 1 рубли русӣ барои имрӯз 0.1506 сомонӣ нишон дода шудааст.
Ин дар ҳоле ки ҳафтаи гузашта пули Русия бо дар ҳоли "шинокунанда" қарор дошт ва тақрибан 0.1470 сомонӣ арзиш дошт.
Дар мавриди доллар бошад, тибқи нишондоди БМТ, он дар сатҳи мӯътадил 11,32 сомонӣ барои як доллар нигоҳ дошта мешавад.
Асъори аврупоӣ, ки дар охири ҳафтаи гузашта афзоиш ёфт, сатҳи 13,6757 сомониро барои як евро нигоҳ медорад.
Доллары - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Иқтисодшинос гуфт, кай қурби доллар ба марзи 100 рубл мерасад
Ёдовар мешавем, Бонки миллӣ қурби ҳаррӯзаи асъорро барои баҳисобгирӣ ва пардохти боҷи гумрукӣ муқаррар мекунад, дар ҳоле ки дар дигар бонкҳои Тоҷикистон ҳама арзишҳо метавонанд 1-2 сомонӣ гаронтар бошанд.
Бонки Миллӣ ҳушдор медиҳад, ки амалиёти асъорӣ берун аз филиалҳо, офисҳои марказҳои хидматрасонии бонкҳо, инчунин банкоматҳо ва терминалҳо манъ аст.
Риоя накардани ин талабот дар Тоҷикистон ҷиноят ҳисобида мешавад ва ҷинояткор ба ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешавад.
Лентаи хабарҳо
0