Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Баҳси марзӣ миёни Тоҷикистону Қирғизистон
Тафсилоти бештар аз танишу созишҳои марзӣ миёни Тоҷикисону Қирғизистон

Cарҳадбонони қирғиз ду хонандаи мактаби Исфараро боздошт ва латукӯб кардаанд

© Sputnik / Амир ИсаевВъезд в Ворух, архивное фото
Въезд в Ворух, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Онҳо бо дахолати марзбонҳои тоҷик аз дасти марзбонони Қирғизистон раҳо ёфтанд
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik. Ду хонандаи мактаб ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри Исфара ҳангоми чаронидани чорво аз сӯи марзбонони қирғиз боздошт ва мавриди латукӯб қарор гирифтаанд.
Ин қазияро манобеи Sputnik Тоҷикистон шарҳ доданд.
Тавре Ғафурҷон Ҷӯраев, раиси маҳаллаи наздисарҳадии "Тоҷикин"-и ҷамоати Ворух дар суҳбат ба Sputnik Тоҷикистон гуфт, ҳодисаи нохуши марзӣ баъд аз зуҳри рӯзи 25 апрел дар мавзеи "Заҳматобод"-и ҷамоат рух додааст.
“Сарҳадбонони қирғиз хонандаҳои мактаби рақами 23 ҷамоати Ворухро дар вақти чаронидани чорво ғайриқонунӣ боздошт намуда ва латукӯб намудаанд. Танҳо баъди дахолати сарҳадбонони кишвар онҳо озод карда шудаанд", - гуфт Ҷӯраев.
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Раҳмон дар бораи Ворух, созиш бо роҳбарони қирғизҳо ва иқтибос аз "Бобурнома": форсигӯянд
Раиси маҳаллаи "Тоҷикон"-и Ворух мегуяд, ҷое, ки ҷавонон ба парвариши мол машғул будаанд, "Заҳматобод" - минтақаи баҳснок ба ҳисоб намеравад, аммо сарҳадбонони қирғиз монеи сокинон шуда, онҳоро барои тарк намудани он ҷой таҳдид намудаанд.
“Чунин амалкарди сарҳадбонони қирғиз рӯи раст ва дағалона поймол намудани қонун аст. Онҳо якум ба “одамрабоӣ” даст дошта, дуюм дар латукӯби ноболиғон муттаҳам дониста мешаванд”, -иброз намуд раиси маҳаллаи Тоҷикон.
Бино ба иттилои манбаъ, ҳоло аз рӯи ҳодисаи рухдода нисбати амалкарди сарҳадбонони қирғиз дар прокуратураи шаҳри Исфара мавод тартиб дода шудааст.
Рухдоди ин таниши марзӣ дар ҳолест, ки се рӯз қабл, санаи 24 апрел мақомоти Қирғизистон дар бораи бенишон шудани ду сокини ноҳияи Лайлаки дар марз хабар паҳн намуда буданд.
Муноқишаи навбатӣ дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон - видео
Баъдан худи ҳамон рӯз хабар нашр намуданд, ки гӯё сокинони қирғизистонӣ аз ҳудуди Тоҷикистон пайдо шудаанд.
Бо гузашти се-чор рӯз аз ин ду рухдоди ахир дар марз, ки ҷонибҳо ҳамдигарро ба “одамрабоӣ” ва латукӯб гумонбар мешуморанд, мақомоти расмии Тоҷикистон то ба ҳол расман иттилое нашр накардаанд.
Хатти марзи байни Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр тӯл дорад ва то кунун танҳо 504 километри он таъйин ва аломатгузорӣ шудааст.
Дар минтақаҳои аломатгузоринашудаи марз, умдатан дар байни вилоятҳои Суғд ва Бодканд, борҳо сокинон барои дастрасӣ ба обу чарогоҳ даст ба гиребон шудаанд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала