Тағйироти кадрӣ дар вазорати маориф: Латофат Назирӣ аз мақомаш барканор шуд

© Muhabbat GardonshoevМуовини вазири маориф хонум Латофат Назирӣ
Муовини вазири маориф хонум Латофат Назирӣ  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Латофат Назирӣ муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон аз мақомаш барканор шуд. Ба ҷойи хонум Назирӣ дар ин мақом Ғанизода Гулчеҳра Самӣ таъин шудааст
ДУШАНБЕ, 27 апрел - Sputnik. Дафтари матбуоти Вазорати маорифи Тоҷикистон ба Sputnik Тоҷикистон таъид карданд, ки Латофат Назирӣ аз мақоми муовини вазир барканор шудааст.
Ба гуфтаи манбаъ ҳамин ҳоло дар ин ниҳод муаррифи муовини тозатаъйини вазири маориф ҷараён дорад. Манбаъ таъкид кардааст, ки ба ҷои хонум Назирӣ мудири мактаби рақами 34 шаҳри Душанбе Ғанизода Гулчеҳра Самӣ таъйин гардидааст.
То ҳол далели барканории Латофат Назирӣ маълум нест.
Манбаҳои расмӣ то кунун дар бораи далели барканории Назирӣ ва таъини Ғанизода чизе нагуфтаанд.
Эмомали Рахмон, Президент Таджикистана - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 16.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ: Раҳмон се додрасро барканор кард - чаро?
Латофат Назирии 58-сола номзади илмҳои педагогӣ аст ва дар шаҳри Ваҳдат таваллуд шудааст. Риштаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро хатм кардааст ва корро ба унвони муаллими таъриху ҷамъиятшиносии мактаби рақами 22-и шаҳри Ваҳдат оғоз кардааст. Аз соли 1994 устоди ДМТ ба унвони устод ва муовини декани факултаи таърих оғоз кардааст.
Солҳои 2005-2008 - ба сифати мушовири калон, ҳамоҳангсози Ҳаракати миллӣ ва эҳёи Тоҷикистон, 2008 срмутахассиси Раёсати мактабҳои олӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф, 2008-2012 - Муовини ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар умури тарбия, солҳои 2012-2016 - ректори Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф ва аз 11 январи соли 2016 то имрӯз муовини вазири маориф ва илми Тоҷикистон буд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала