Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Таъйини писари Абдулмаҷид Достиев ба мақоми муовини вазир баъди 5 моҳи барканорӣ

© котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонФарҳод Салим, муовини навтаъйини вазири умури хориҷии Тоҷикистон
Фарҳод Салим, муовини навтаъйини вазири умури хориҷии Тоҷикистон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Фарҳод Салим, писари Абдумаҷид Достиев, аз сиёсатмадорони шинохтаи Тоҷикистон вазифаи нав гирифт
ДУШАНБЕ, 27 апр — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо имзои як қарори Ҳукумат Фарҳод Салимро ба вазифаи муовини вазири умури хориҷии кишвар таъйин намуд.
Қаблан, моҳи декабри соли гузашта бо фармони раисиҷумҳури Тоҷикистон, Фарҳод Салим аз мақоми сафири Тоҷикистон дар ИМА барканор шуда буд. Далели барканорӣ, гузаштан ба кори дигар гуфта мешуд, аммо то ҳол мақоми ҷадиди ӯ маълум набуд. Дар баробари Фарҳод Салим инчунин Имомӣ Содиқ низ ба мақоми муовини вазири хориҷии Тоҷикистон таъйин гардидааст. Ӯ то ҳол сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон буд.
Президент Республики Таджикистан Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Раҳмон бо 10 қарор масъулини баландпояро таъйину барканор кард: ном ба ном
Фарҳод Салим писари Абдумаҷид Достиев аз сиёсатмадорони шинохтаи Тоҷикистон мебошад, ки то баромаданаш ба нафақа дар мақоми сафир дар Русия кор мекард.
Абдумаҷид Достиев, ки имсол 75-умин солгарди мавлудашро таҷлил мекунад, аз бунёдгузорони Ҳизби халқӣ – демократии Тоҷикистон арзёбӣ мешавад. Ӯ дар мақоми муовини аввали раиси Шӯрои олӣ ва Маҷлиси Олии Тоҷикистон кор карда, роҳбари ҳайати ҳукуматиро дар музокироти сулҳи тоҷикон низ ба уҳда доштааст.
Достиев инчунин дар мақоми муовини раиси Комиссияи оштии миллӣ ва сафири Тоҷикистон дар Русия фаъолият доштааст. Достиев соли 2014-ум аз мақоми сафирӣ ба нафақа фиристода шуд.
Рустам Достиев писари дигари Абдулмаҷид Достиев дар сохтори Вазорати умури дохилии Тоҷикистон кор мекунад.
Худи Абдулмаҷид Достиев феълан давлати пирӣ ронда, тавре худаш гуфтааст, вақтро дар муошират бо аҳли байту заминдорӣ мегузаронад.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала