Пирӯзии тими артиш баъди се бохту истеъфои сармураббӣ: рақиб худ ба дарвозааш гол зад

© Sputnik / Александр Вильф / Гузариш ба медиабонкФутбольный тренер,
Футбольный тренер, - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Обуна шудан
Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон натиҷаҳои бозиҳои даври чоруми Чемпионати ҷумҳурӣ дар риштаи футбол миёни дастаҳои лигаи олиро эълон кард
ДУШАНБЕ, 27 апр - Sputnik. Кумитаи миллии олимпӣ мегӯяд, Клуби марказии варзишии артиш - КМВА пас аз се бохти пайиҳам дар мавсим бар тими “Душанбе” бо ҳисоби 3:1 ғалаба кард. Дар ҳайати тими артиш голҳоро Суҳроб Ҷалилов ва Фатҳулло Фатҳуллоев заданд. Як голи дигарро худи душанбегиҳо вориди дарвозаашон карданд.
Манбаъ афзуд, бозӣ миёни дастаҳои “Истаравшан” ва “Файзканд” бидуни гол (0:0) хотима ёфт.
Дар бозии дигари давр дастаи “Равшан”-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими “Хуҷанд” бо ҳисоби 1:0 пирӯз шуд. Голи ягонаро Далер Шомуродов аз пеналтӣ зад.
Ниҳоят “Куктош” дар бозии хонагӣ дастаи нави лигаи олӣ – “Эсхата”-ро бо ҳисоби 2:1 мағлуб намуд. Меҳмонон тавассути голи задаи Акобир Тураев дар дақиқаи 38-ум ҳисобро кушоданд. Вале зарбаҳои нишонраси Азизбек Султонов ва Муҳсинҷон Абдуғаффоров ғалабаи “Куктош”-ро таъмин кард.
Мубин Эргашев, иҷрокунандаи вазифаи сармураббии Истиқлол ҳангоми нишасти матбуотӣ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Назари Эргашев дар арафаи бозии "Истиқлол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ": барои се хол талош мекунем
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпӣ, бозиҳои даври панҷуми Чемпионати Тоҷикистон оид ба футбол миёни дастаҳои лигаи олӣ 30 апрел ва 1 май баргузор мешаванд.
Нахустин пирӯзии КМВА дар ҳолест, ки ҳафтаи гузашта сармураббии дастаи футболи Клуби марказии варзишии артиш, Алиёр Ашӯрмамадов баъд аз се бохти пайҳами ин даста дар Қаҳрамонии Тоҷикистон аз вазифаи худ истеъфо дода буд.
Ёдовар мешавем, ки соли 2019 баъд аз рафтани мутахассиси украинӣ Сергей Житскийи 63-сола, Ашӯрмамадов ба мақоми сармураббии дастаи КМВА интихоб гардида буд.
Алиёр Ашӯрмамадов баъд аз се бохти пайҳами ин даста дар Қаҳрамонии Тоҷикистон аз вазифаи худ канор рафт. Иҷрои вазифаи сармураббии дастаро феълан Файзалӣ Давлатов бар уҳда гирифтааст.
Лентаи хабарҳо
0