Стратег ё пупулист? Пешниҳодҳое, ки Жириновский дар мавриди муҳоҷирон дар Русия дорад

© ЛДПР / Михаил ДегтярёвВладимир Жириновский посетил Гиссарскую крепость и город Турсунзаде
Владимир Жириновский посетил Гиссарскую крепость и город Турсунзаде - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Владимир Жириновский, вакили Русия, ки ахиран 75-солагияшро таҷлил намуд, бо изҳороти баҳсбарангезаш дар қаламрави ИДМ, аз ҷумла миёни муҳоҷирон шинохта аст. Аз пешниҳодҳои пурсарусадои ахираш, ҷалби муҳоҷирон барои ҳалли бӯҳрони демографӣ ва деҳоти Русия аст
ДУШАНБЕ, 27 апр – Sputnik, Али Шеров. Владимир Жириновский ахиран пешниҳод кард, ки буҳрони деҳоти холимондаи Русия бо ҷалби муҳоҷирони меҳнатӣ ҳал карда шавад. Бисёриҳо суханони ӯро ҳамчун популизм қабул карданд, аммо дар ин ҳолат, дар паси суханрониҳои сиёсатмадор як тамоюли воқеии азхудкунии замин истодааст
Дар яке аз асарҳои ҷовидонаи адабӣ қаҳрамони асосӣ аз дил мегузаронд: "Ба деҳа, назди хола, ба макони нообод, ба Саратов!".
Вакили Думаи Давлатии Русия Владимир Жириновский, ки зоҳиран аз ин сатрҳо илҳом гирифтааст, як идеяи аҷиберо ба миён гузошт - муҳоҷиронро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба деҳаҳои холии Русия ҷалб бояд кард.
Ӯ мегӯяд, ба ин восита метавон якбора ду мушкилро ҳал намуд: аввал теъдоди аҳолии Русия афзоиш дода мешавад ва дуюм заминҳои холимондаи Русия дар деҳот бо одам пур мегардад.

"Мо ба онҳо дар деҳаҳои холии Русия манзил хоҳем дод, бигзор дар онҷо зиндагӣ кунанд. Онҳо деҳқони хубанд. Фарз кардем, қазоқҳо ва қирғизҳо бодиянишинанд, вале тоҷикону ӯзбекҳо заминдору деҳқон ҳастанд. Чӣ қадар заминҳои холӣ бо хонаҳои омода дорем? Муносибати давлатӣ бояд чунин бошад", - иброз дошт ӯ дар тавзеҳи ташаббуси худ.

Шояд Владимир Волфович Қазоқистон ва Қирғизистонро на ба хотири гузаштаи бодиянишинон, балки барои он ки онҳо дар ин кишварҳо персона нон грата эълом шуда буданд, нодида гирифт. Ин танҳо ба ӯ маълум аст. Аммо қайд кардан бамаврид аст - дар бисёре аз пешниҳодҳои сиёсатмадори ҷанҷолӣ заррае аз хирадмандӣ вуҷуд дорад. Он танҳо дар ҷое хеле чуқур пинҳон карда шудааст.

Вакил, стратег, популист

Чунин шуд, ки ба ман муяссар гардид, шахсан Владимир Жириновскийро бо чеҳраҳои гуногун бубинам. Чоряк аср қабл, ӯ дар ҳайати Думаи давлатӣ аз марзи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла отряди сарҳадии мо боздид карда буд. Тамошои ӯ хеле ҷолиб буд.
Дар муоширати оддӣ, либерал-демократи асосии Русия шахси хеле оқил, муносиб ва гуворо буд. Аммо ҳамин ки дар наздикии он дастгоҳи наворбардорӣ пайдо мешуд (ҳайатро як гурӯҳ рӯзноманигорон ҳамроҳӣ карданд), вай фавран тағйир ёфт: вай бо овози баланд идеяҳои бемаъниро ба миён гузошт, бо роҳи зӯргӯёна дастафшонӣ мекард, атрофиёнро ҷалб менамуд. Он солҳо марз бо Афғонистонро илова бар "кулоҳҳои сабз", воҳидҳои дивизияи онвақтаи 201-ум муҳофизат мекарданд.
Дар маконе, ки вакилонро ба "экскурсия" оварда буданд, ду танк буд. Жириновский падарона ба фармондеҳи яке аз онҳо муроҷиат кард:
- Оё он ҷо, дар канори дарё, Афғонистон? Хуб, канӣ оташ кушо ба он тараф!
Танкисти ҷавон ғур-ғур карда, ҳайрон монд: - Шумо чӣ, Владимир Волфович, қатъиян манъ аст! Мо ҷанг намекунем, балки танҳо барои ҳифзи марз кумак мекунем.
Владимир Жириновский  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 06.04.2021
Евровидение - 2021: Зодаи Тоҷикистон, намояндаи Русия
Жириновский норозигияшро аз суруди Манижа шарҳ дод: сухан дар бораи миллат намеравад
- Натарс писарам, агар чизе гӯянд, посух деҳ, ки фармони аз худ калонро иҷро намудам, ман туро хафа намекунам! Онҳо ҳама онҷо қочоқчиёни маводи мухаддир ҳастанд, заҳрро ин ҷо мебиёранд, бояд ҳамаро аз решаашон нест кард! – истодагарӣ намуд Жириновский.
Хушбахтона, "писар" ба оиннома итоат кард, на ба депутат. Каме баъд, вақти саворшавӣ ба чархбол барои парвоз ба Душанбе, вакил аз фармондеҳи халабонҳо талаб кард, ки ба тарафи ҳамсоя гардиш кунад ва якчанд деҳаро бо мушакҳо оташборон кунад. Бо суханони оқилонаи майори мӯйсафед дар бораи доштани чархболи нақлиётӣ, ӯ ба зориву илтиҷо оғоз кард: "Хуб, биёед ҳадди аққал бомбаҳо партоем?" Ман аниқ намегӯям, аммо ба назар чунин мерасад, ки пас аз ба Маскав рафтани Жириновский ва ҳайати ӯ фармондеҳии гарнизон оҳи сабук кашид.

Аз пайи гектар

Дар мавриди дигар ташаббусҳои баҳсбарангез, раҳбари доимии Ҳизби либерал-демократӣ пас аз 25 сол низ ин ҷойгоҳро нигоҳ медорад. Ҳамин тавр, вай дар аввали моҳи март пешниҳод кард, ки ҷумҳуриҳои пасошӯравиро ҳамчун вилоятҳо ба Русия ҳамроҳ карда шаванд.
Азбаски чунин андешаи хусусӣ буд ва на бори аввал (соли 2016, Жириновский пешниҳод кард, ки як давлати нави иттифоқӣ таҳти сарварии Русия таъсис дода шавад), ҳеҷ кас дар ҳукумат изҳороти ҳамкасби худро ҷиддӣ нагирифт ва дар интернет шӯхӣ карданд, ки чунин изҳори назар ба хуруҷи баҳории беморӣ рабт дорад.
Ходими давлатӣ бо ин изҳороташ қаноат накард ва аз масоили дохилӣ ба масъалаҳои беруна гузашт, мушкилоти муҳоҷират ва заминро дар як лаҳза ҳал кард. Бояд гуфт, ки ин нисбат ба геополитика эътимодноктар ва воқеитар ба назар расид.
Президент РФ Владимир Путин и президент Таджикистана Эмомали Рахмон - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 23.04.2021
Амнистияи муҳоҷирон, афзоиши парвозҳо ва Рамазон: тафсилоти суҳбати Путину Раҳмон
Дар сегменти тоҷикии шабакаҳои иҷтимоӣ бисёр шореҳон ташаббуси Жириновскийро дастгирӣ карданд.
"Барои рафтан ба Русия? Аввал ман бояд таҳсиламро хатм кунам ва диплом гирам. Ва дар деҳа зиндагӣ карда, заминкорӣ кунам, чаро не? Гузашта аз ин, ман дар Донишгоҳи аграрӣ таҳсил мекунам, пас аз 2 сол онро тамом мекунам, пас ман тасмим мегирам", - нақл кард донишҷӯё аз шаҳри Душанбе Иззатулло Маҳмадзод дар мавриди нақшаҳои ояндааш.
Гузашта аз ин, идеяи роҳбари “ЛДПР” ҳатто онҳоеро, ки ба хоҷагидорӣ ҳеҷ иртибот надоранд, ба худ ҷалб кард. Баъзе шаҳрвандон, ки ҳатто бо деҳқонӣ алоқаманд нестанд, ҳавасмандияшонро барои замингирӣ баён доштанд.
"Агар онҳо ба ман манзил, шаҳрвандӣ ва сармоя барои марҳилаи аввал диҳанд, ман меравам. Ман дар бораи кишоварзӣ чизе намедонам, аммо табиби хуб нони худро дар ҳама ҷо ба даст хоҳад овард", - изҳор дошт, Рустам Холиқов, табиби эҳёгар, ки таҷрибаи 20-солаи кор дар Қӯрғонтеппаро дорад.
"Ман аз маоши муаллимиям омадаам ба ҳар ҷое бошад, мегурезам, ҳатто ба Шимоли Дур. Ва холӣ будани деҳа хеле хуб аст, ман аз одамон дам мегирам. Зани ман ошпаз аст, ӯ аз деҳа, фарзандон ба воя расидаанд, зиндагии худро ба сар мебаранд. Маблағ барои кӯчидан диҳанд, ман розӣ, ҷавонии худро ба ёд меорам", - мегӯяд муаллими як мактаби шаҳри Душанбе, Мақсадулло Саъдуллоев.
Мигранты в аэропорту Толмачево в Новосибирске  - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 08.04.2021
Шумораи кӯдакони муҳоҷир дар мактабҳои Русия муайян шуд
Аммо, на ҳама хушбинанд, ки барои гектари иловагӣ ба кишвари дигар сафар кунанд. Бисёре аз корбарон дуруст қайд мекунанд, ки кор дар замин новобаста аз ҷуғрофия кори хеле душвору заҳматталаб аст.
"Замоне ман дар шимоли Тоҷикистон тамоку парвариш мекардам, медонам, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор кардан чӣ қадар душвор аст: заминро омода мекунед, сари вақт пору меандозед, кишт мекунед, нашъунаморо назорат мекунед, бо ҳашароти зараррасон мубориза мебаред. Вақти ҷамъоварии ҳосил, зараррасонҳои дигар меоянд, ки алайҳи онҳо маводи кимиёвӣ кӯмак намекунад. Агар тақсим накунед, мехӯранд. Ман фикр намекунам, ки вазъ дар Русия куллан дигар бошад, барои ҳамин ман намеравам", мегӯяд Ҷонибек Эгамов, як соҳибкор аз шаҳри Панҷакент.

Замин ва шиноснома барои муҳоҷир

Пешниҳодҳои Жириновский барои бисёри сокинони Тоҷикистон ҳассос буданд. Мусбат ё манфӣ - ин саволи дуюм аст. Маълум аст, ки Владимир Волфович бисёр вақт назарҳои худро иваз мекунад, пойафзолашро ба маънои аслӣ дар парвоз иваз менамояд. Дар замонҳои пеш, сиёсатмадор тарафдори ихроҷи ҳамаи муҳоҷирони кории хориҷӣ аз Русия буд ва акнун ташаббускори эҳёи манотиқи Русия шудааст.
"Чӣ гунае набошад, дар ин пешниҳод солимӣ ҷой дорад. Дуруст аст, ки механизми татбиқи он комилан вуҷуд надорад. Агар Думаи давлатӣ воқеан раҳбари фраксияи ЛДПР-ро дастгирӣ мекард, пас эҳтимол дорад, ки дастури навсозии деҳаҳои холии Русия тавассути муҳоҷирон аз Тоҷикистон ва ё Узбакистон муассир хоҳанд буд.Танҳо агар ташаббускор аз идеяи пешниҳодкардааш ақибнишинӣ накунад, ҳамон тавре ки дар аксар ҳолатҳо ба назар мерасад. Ин осон нест, аммо бешубҳа зарур аст", - мегӯяд сиёсатшинос Акбар Уразаев.
Деловая встреча, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 02.09.2020
Ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷир: кор барои тоҷикистониён дар Русия осон мешавад?
Тибқи пурсишҳои афкори умум, беш аз 60% сокинони Тоҷикистон (аз ҷумла муҳоҷирони корӣ) мехоҳанд шаҳрвандии Русияро ба даст оранд. Чӣ қадари ин теъдод барои расидан ба ҳадафаш бо роҳи кӯчидан ба деҳа розӣ хоҳад шуд, номаълум аст, аммо фаҳмидан лозим аст, мутмаин аст коршинос.
Аз рӯи инсоф, бояд қайд кард, ки дар ин ҳолат Жириновский на танҳо як идеяи аслиро ба миён гузошт, балки тамоюли мавҷударо, вале ҳоло назарногирро ишора намуд - муҳоҷирон аз ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ аллакай бо омодагӣ дар деҳаҳои Русия маскан гирифта истодаанд.
Ҳудуди 120 километр дуртар аз Маскав, дар ноҳияи Заокски вилояти Тула, деҳаи Клишино воқеъ аст, ки дар он аксарияти аҳолӣ муҳоҷирон аз Қирғизистон мебошанд ва ин дар ин макон ҳатто додани замин бо шиносномаи миллӣ имконпазир аст. Бо вуҷуди ин, гап дар бораи ягон қаламрави сирф қирғизӣ нарафта истодааст - аз он даме, ки хонаҳои аввал дар миёнаи солҳои 2010 пайдо шуданд, узбӯкҳо, молдованҳо ва арманиҳо аллакай ин ҷо маскан гирифтанду як минтақаи байналмилалӣ шудааст. Зоҳиран, дар бораи малакаҳои аграрии муҳоҷирон аз Қирғизистон, раиси Ҳизби либерал-демократӣ, иштибоҳ кардааст. Аммо дар мавриди кӯчонидани муҳоҷирон ба деҳот, 100% ҳадафмандонаю нишонрас буд. Кӣ медонад, шояд аз ягон қонуни дахлдор барои татбиқи он ҷонибдорӣ намоянд.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала