Портфели - Sputnik Тоҷикистон
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Хабарҳои дигари таъйину барканориҳо дар Тоҷикистонро аз ин пайванд пайдо мекунед

Барканории Маҳмадамин Бозичаевич: ҷавони донандаи 5 забон ҷойгузинаш шуд - акс

© МИД РТВыступление Постоянного представителя Республики Таджикистан на заседании Совета Безопасности ООН по Афганистану
Выступление Постоянного представителя Республики Таджикистан на заседании Совета Безопасности ООН по Афганистану - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо имзои як фармон намояндаи нави доимии ҷумҳуриро дар Созмони Милали Муттаҳид таъйин намуд
ДУШАНБЕ, 28 апр— Sputnik. Раисиҷумҳури Тоҷикистон Маҳмадаминов Маҳмадамин Бозичаевичро аз вазифаи намояндаи доимии ҷумҳурӣ дар Созмони Милали Муттаҳид озод карда, ба ҷояш Ҳикмат Ҷонибек Исмоилро таъйин намуд.
Бар асоси саҳифаи Ҷонибек Ҳикмат дар шабакаҳои иҷтимоӣ, ӯ соли 2000-ум мактаби байналмилалӣ ва соли 2005 ба ҳайси бакалавр Донишгоҳи шарқии баҳримиёназаминӣ - Eastern Mediterranean University дар шаҳри Фамагусти Кипри шимолиро хатм кардааст.
Унвони магистриро соли 2013 дар Cardiff Metropolitan University, донишгоҳе дар шаҳри Кардифи Уелс гирифтааст.
© акс котиботи раисиҷумҳури ТоҷикистонҲикмат Ҷонибек Исмоил, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ
Ҳикмат Ҷонибек Исмоил, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Ҳикмат Ҷонибек Исмоил, намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ
Ӯ қаблан дар намояндагии Тоҷикистон дар ИМА кор карда, то таъйинот ба мақоми нав ҷои кораш Департаменти созмонҳои байналмилалии Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон нишон дода шудааст.
Ҷонибек Ҳикмат дар саҳифаи шахсияш дар шабакаҳои иҷтимоӣ худро донандаи забонҳои тоҷикӣ, форсӣ, русӣ, англисӣ ва туркӣ муаррифӣ намудааст.
Дар ҳамин ҳол феълан маълум нест, ки Маҳмадамин Маҳмадаминов баъди барканорӣ чӣ вазифаи нав мегирад. Дар фармони барканорияш сабаб – гузаштан ба кори дигар гуфта шудааст.
Маҳмадамин Маҳмадаминов, ки 22 апрел 60-сола шуд, қаблан дар лоиҳаҳои Бунёди Оқохон дар Тоҷикистон, сипас дар “Ориёнбонк” ва баъдан ба ҳайси раиси “Амонатбонк” - у Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Тоҷикистон кор кардааст.
Шермуҳаммад Раҷабзода, тарҷумони Президент, сардори Хадамоти ташрифоти Президент - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 27.04.2021
Тағйироти кадрӣ дар Тоҷикистон
Мансаби нави тарҷумон ва "дасти рост" - и Президент: амри Раҳмон
Ӯ аввали соли 2014 аз мақоми вазирӣ барканор гардида, ба ҷойи Сироҷиддин Аслов намояндаи доимии Тоҷикистон дар СММ таъйин гардид.
Аслов баъди намояндагӣ дар СММ вазири умури хориҷии Тоҷикистон таъйин гардида буд. Маҳмадаминовро кадом мақом интизор аст, феълан маълум нест.
Лентаи хабарҳо
0
Нахуст ҷадидҳоНахуст кӯҳнаҳо
loader
Дар нашр
Заголовок открываемого материала