"Истиқлол": дастаи ҳамкурсҳо Рустаму Шоҳрух, ки то Лигаи Чемпионҳо расид

© Официальный сайт ФФТШохрух Саидов. Архивное фото
Шохрух Саидов. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Обуна шудан
"Истиқлол" усулан як дастаест, ки онро донишҷӯён ташкил карданд. Дар он ду чеҳраи феълан маъруфи сиёии Тоҷикистон Рустами Эмомалӣ ва Шохрух Саидзода, ки ҳамкурс буданд, мебозинад.
Ном ва обрӯи дастаи футболи "Истиқлол"-и Тоҷикистонро ду пирӯзии ахираш дар Лигаи Чемпионҳои Осиё бар дастаи Ал-Ҳилоли Арабистони Саудӣ ва дастаи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Араб мустаҳкам кард.
Шоми 24 апрел тими Тоҷикистон яке аз пурзӯртарин дастаҳои Осиё - "Ал-Ҳилол"-и Арабистони Саудиро бар ҳисоби 4: 1 мағлуб кард.
"Истиқлол" дар бозии панҷумаш дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои Конфедератсияи футболи Осиё-2021 бошгоҳи “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Аморати Муттаҳидаи Арабро бо ҳисоби 1:0 шикаст дод.
© SAAD ALANZEИгроки "Истиклол"
Игроки Истиклол - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Игроки "Истиклол"
Усулан "Истиқлол"-ро як дастае ном мебаранд, ки донишҷӯён дар соли 2005 ташкил карда буданд ва то сатҳи як тими касбӣ расид.
Дар он дар даврони донишҷӯӣ раиси феълии шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ва сардори Раёсати кофтукоби ҷиноии ВКД бозӣ кардаанд. Саидзода президенти даста аст.
Барканории сармураббии "Ал-Ҳилол" баъди шикаст аз "Истиқлол"
Ҳамин тавр, чигуна ин тим тавонист аз майдони хурди донишгоҳ то Лигаи Олии Тоҷикистон расад, сипас Лигаи Чемпионҳои Осиёро тасхир кунад?
Клуби футболи "Истиқлол" Душанбе моҳи ноябри соли 2007 таъсис ёфтааст. Пойгоҳи асосии "Истиқлол" − Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе.

Соли 2008

Дар мавсими бозиҳои футболи соли 2008 "Истиқлол" дар чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи якум дар 35 бозӣ ғолиб шуда (таҳти роҳбарии сармураббӣ Қ. Латифов), ҳуқуқи дар лигаи олӣ бозӣ карданро пайдо кард.
© Hamoud Al-OsaimiЧемпион Таджикистана душанбинский "Истиклол" одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2.
Чемпион Таджикистана душанбинский Истиклол одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2. - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Чемпион Таджикистана душанбинский "Истиклол" одержал первую, историческую победу обыграв узбекский клуб АГМК со счетом 3:2.

Соли 2009

Дар лигаи олии чемпионати Тоҷикистон (2009) "Истиқлол" (таҳти роҳбарии сармураббӣ С. Ғафуров) бо як зумра бозигарони ҷавони ботаҷриба, ки аз мактаби дастаи мунтахаби футболбозони навраси Тоҷикистон гузашта буданд, ба сабқат шуруъ кард. Дар 18 мусобиқа 11 ғалаба ба даст оварда, 3 бозиро мусовӣ намуд ва 4 бозиро бохта, бо 36 хол ҷои чорумро ишғол кард.

Соли 2010

Ҳамзамон дар мусобиқаи анъанавии зимистона ва баҳории Рустам Долтабоев ва Ҷоми миллии ҷумҳурӣ ғолиб шуд.
Дар соли 2010 "Истиқлол" бо усулҳои хосси бозии худ тавонист, ки Ҷоми олӣ ва Ҷоми миллиро ба даст оварда, чемпиони Тоҷикистон шавад. Дар таърихи футболи тоҷик бори нахуст "Истиқлол" дастаи чемпиони секаратаи кишвар − "Вахш"-и Қӯрғонтеппаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб намуда, Ҷоми олии Тоҷикистонро соҳиб шуд.
Дар мусобиқаи ниҳоӣ барои Ҷоми Тоҷикистон (2010), ки чун анъана 5 октябр − дар рӯзи таваллуди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор мешуд, "Истиқлол" дастаи "Хуҷанд"-ро бо ҳисоби 5:0 мағлуб кард.
Назари Эргашев дар арафаи бозии "Истиқлол" ва "Шабоб Ал-Аҳлӣ": барои се хол талош мекунем
Даври якуми чемпионати миллӣ барои "Истиқлол" чандон бобарор набуд: дар миёнаҳои даври дуюм сармураббӣ С. Ғафуров аз вазифа сабукдӯш шуд ва роҳбарияти клуб ба ҷои ӯ А. Рафиқов − собиқ ҳимоятгари маъруфи дастаи "Помир"-и Душанбе (хатмкардаи Мактаби олии сармураббиёни Маскав ва дорои иҷозатномаи дараҷаи "В")-ро даъват кард.
© ФФТГлавный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко
Главный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Главный тренер команды «Истиклол» Виталий Левченко
Бо омадани мураббии нав даста таҷдид гардид ва баъди чанд бозӣ "Истиқлол" дар ҷадвали мусибиқот пешсаф шуд. Дар чемпионати соли 2010 "Истиқлол" дар 32 бозӣ боре мағлуб нашуд ва дар 26 бозӣ ғолиб омада, 5 бозиро мусовӣ анҷом дод ва соҳиби 84 хол гашт.
Дар ҷамъбасти мусобиқаҳои соли 2010 капитани даста ва ҳамлагар Ю. Рабиев (бо 30 тӯби ба дарвозаи ҳарифон вориднамудааш) "Футболбози беҳтарини Тоҷикистон", Э. Раҷабов "Ҳимоятгари беҳтарин" ва А. Рафиқов "Сармураббии беҳтарини сол" эълон шуданд.
Ҳимоятгари дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар Маскав ҷарроҳӣ шуд
Дар дастаи "Истиқлол" бисёр бозигарони ҷавон ва умедбахш шомиланд, ки аъзои дастаҳои мунтахаби миллӣ, ҷавонон, олимпӣ ва наврасони Тоҷикистон мебошанд.
Дар мавсими футболи соли 2010 "Истиқлол" ғолиби чемпионати Тоҷикистон гашта, дар таърихи футболи тоҷик аввалин шуда, барои ширкат дар мусобиқаҳои "Ҷоми Иттиҳод‒2011" ва Ҷоми Президенти КФО‒2011 (Конфедератсияи футболи Осиё) ҳуқуқ пайдо кард.

Соли 2011

Соли 2011 низ "Истиқлол" Ҷоми олӣ ва Ҷоми миллии чемпионати Тоҷикистонро соҳиб шуд. Дар ҷамъбасти сол А. Тӯйчиев "Дарвозабони беҳтарин", Ю. Рабиев (бо 32 тӯби задааш) "Ҳамлагари беҳтарин" эътироф шуданд.
Мавсими соли 2012-ро "Истиқлол" бо муваффақият оғоз кард: таҳти роҳбарии сармураббии нав ‒ Н. Кавазович даста бори сеюм Ҷоми олии ҷумҳуриро ба даст овард.
© © FC Istiklol DushanbeФутбольный матч, душанбинский "Истиклол" против турсунзадевского "Регар-ТадАЗом"
Футбольный матч, душанбинский Истиклол против турсунзадевского Регар-ТадАЗом - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
Футбольный матч, душанбинский "Истиклол" против турсунзадевского "Регар-ТадАЗом"
Ҳамон сол "Истиқлол" дар чемпионати Тоҷикистон соҳиби медали биринҷӣ ва Ҷоми Президенти КФО шуда, А. Тӯйчиев "Дарвозабони беҳтарин", Н. Давронов "Нимҳимоятгари беҳтарин", капитани даста Д. Восиев "Ҳамлагари беҳтарин" ва "Футболбози беҳтарини сол" эълон гардиданд.

Соли 2013

Дар даври якуми чемпионати Тоҷикистон (2013) "Истиқлол" дар 9 бозӣ 8 ғолибият ба даст оварда, баъди бохт ба дастаи "Равшан"-и Кӯлоб (1:0) сармураббӣ Н. Кавазович ба истеъфо рафт. Сармурабии нави даста О. Ширинбеков (дар гузашта нимҳимоятгари маъруфи дастаҳои футболи "Помир"-и Душанбе, "Торпедо"-и Маскав ва мунтахаби ИҶШС) таъйин гардид, ки дар ҷамъбасти мавсим "Истиқлол" -ро ба гирифтани медали нуқраи чемпионати Тоҷикистон ва Ҷоми миллӣ мушараф сохт.
Ғалаба дар охирин сонияҳо: навори пирӯзии муассири "Истиқлол" бар "Шабоб ал-Аҳлӣ"
Дар ин сол А. Тӯйчиев бори сеюм "Дарвозабони беҳтарин", Д. Восиев бори дуюм "Футболбози беҳтарини сол" ва Ҳусейни Сӯҳроб (узви эронии даста) "Нишонзанӣ беҳтарин"-и чемпионати Тоҷикистон шуданд.

Соли 2014

Моҳи январи соли 2014 ба ҷои О. Ширинбеков М. Эргашев сармураббии даста шуд. Баъдан "Истиқлол" дар тамоми мусобиқаҳои дохилии кишвар пирӯз гардид. Моҳи феврал дар мусобиқаи байналмилалии Ҷоми осоишгоҳи "Баҳористон" бо иштироки дастаҳои футболи ҷумҳуриҳои Тоҷикистон ва Қазоқистон "Истиқлол" 5 ғалаба ба даст оварда, соҳиби ҷоми мазкур гашт.
Сипас Ҷоми ФФТ ва Ҷоми олии Тоҷикистонро низ ба даст овард. Ҳамон сол "Истиқлол" бори сеюм чемпиони Тоҷикистон ва бори чорум соҳиби Ҷоми Тоҷикистон шуд.
© Федерация футбола Таджикистана "Истиклол" и ЦСКА на чемпионате Таджикистана 2020
Истиклол и ЦСКА на чемпионате Таджикистана 2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
"Истиклол" и ЦСКА на чемпионате Таджикистана 2020

Соли 2015

Дар мавсими соли 2015 "Истиқлол" дар мусобиқаҳо барои Ҷоми КФО аввалин шуда, то давраи ниҳоӣ роҳ ёфт ва ширкатдори муваффақи он гардид. Дар мусобиқаҳои дохили кишвар "Истиқлол" бори дуюм соҳиби Ҷоми осоишгоҳи "Баҳористон", Ҷоми ФФТ, бори панҷум Ҷоми олии Тоҷикистон, бори чорум медали тилои чемпионати миллӣ гашта, дар мусобиқаи ниҳоии мавсим бори панҷум Ҷоми миллиро ба даст овард.

Соли 2016

Дар мавсими соли 2016 "Истиқлол" дар мусобиқот барои Ҷоми КФО аз гурӯҳҳо баромада натавонист. Баъди даври якуми мусобиқот Н. Юсуфов иҷрокунандаи муваққатии вазифаи сармураббии даста таъйин шуд. Дар ҷамъбасти мавсими футбол "Истиқлол" бори панҷум соҳиби медали тило ва бори шашум ғолиби мусобиқаҳои Ҷоми кишвар гардид.

Соли 2017-2018

Дар мавсими соли 2017-2018 дастаи "Истиқлол"-и Душанбе бори чорум барандаи Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) шуд.

Соли 2019

Дар асоси натиҷаҳои соли 2019, "Истиқлол" бояд дар марҳилаи интихобии Лигаи қаҳрамонҳои AFC бо Тошканд Локомотив бозӣ мекард. Бозӣ дар пойтахти Ӯзбекистон бо ҳисоби 1: 0 ба фоидаи қаҳрамони Тоҷикистон хотима ёфт. Голи ягона ва ғолибро ҳамлагари "Истиқлол" Алишер Ҷалилов ба самар расонд.
Футболи тоҷик майдонҳои арабро ба ларза меорад: пирӯзии навбатии "Истиқлол"-и Тоҷикистон
Ин муваффақият аввалин ғалабаи таърихии қаҳрамони Тоҷикистон дар бонуфузтарин мусобиқаи Осиё гардид. Ба даста дар ин бозиҳо супорида шудааст, ки тандеми мураббигӣ Эргашев-Левченко тайёр карда шавад.
"Истиклол" разбил "Худжанд" на старте Кубка АФК-2020
Истиклол разбил Худжанд на старте Кубка АФК-2020 - Sputnik Тоҷикистон, 1920, 28.04.2021
"Истиклол" разбил "Худжанд" на старте Кубка АФК-2020

Соли 2020

17 феврали соли 2020, сармураббигии клуби футболи "Истиқлол" -и Душанбе бар дӯши Виталий Левченко, шогирди мактаби футбол аз соҳилҳои Сирдарё ва собиқ бозигари тими миллии Тоҷикистон афтид.
Дар умум, "Истиқлол" дар Ҷоми АФК 9 маротиба бозӣ карда, се маротиба то давраи ниҳоӣ расидааст.
Лентаи хабарҳо
0